МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД БАХШИДА БА 32 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рузи 7 сентябри соли 2023 дар толори суди шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Хоҷизода М.М., муовини якум Саидшозода З.С., муовини Раиси суд Сафарзода Ф.Д., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар мачлиси мазкур аввалан  Раиси суди шаҳри Хуҷанд муҳтарам Ҳоҷизода М.М. бахшида ба ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ суханронӣ намуда, якқатор кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷандро бахшида ба санаи таърихии истиқлоли кишвари азизамон бо ифтихорнома барои фаъолияти пурсамар сарфароз гардониданд

.