ЛИВОИ МО — ҲУВИЯТИ МО

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар зарфи 30 сол ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар инсолҳои муқаддас Тоҷикистон тавонист пояи давлатдориро пурқувват намуда, ба беҳтарин арзишҳои моддиву маънавӣ расад. Баробари чунин дастоварди беназир кишвари мо соҳиби Парчами миллӣ мебошад, ки мояи ифтихор ва сарфарозист.

Бояд қайд намуд, ки барои парафшон гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз ба шарофати он кас Парчами мо ҳамеша парафшон буда, аз соҳибистиқлолии кишварамон дарак меди-ҳад.

Барои давлати соҳибистиқлол парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳувият, ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқро бозгӯ мекунад. Он ҳамчун мояи сарбаландиву ифтихор муқаддасоти миллиро мемонад, ки барои миллату давлатсозӣ нақши калидӣ дорад. Нақши барҷастаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи нангу номус, худогоҳиву ватандӯстӣ дар як вақт рисолати нерӯи муттаҳидсозро дорад. Зери ҳамин ливо мардум ба ҳам омад ва ваҳдату оромӣ, ки асоси тамоми пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист, ҳукмфармо гардид. Имрӯз низ ин муқаддасоти миллӣ илҳомбахши халқи меҳанпарасту меҳнатшиор дар ҷодаи созандагӣ буда, дар фазои суботу оромӣ, рушду тараққиёти кишвар партавафшонӣ мекунад. Ин партавафшонӣ худ башоратгари таъмини сулҳу субот, пешрафт ва соҳибистиқлолӣ аст

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқпол ба Парчами давлатӣ арҷ гузошта, онро чун муқаддасоти миллӣ ҳифз мекунанд. Ин арзиши воло дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, мувофиқи моддаи сеюми он Парчами давлатӣ дар радифи Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҳифзу гиромидошти Парчам баробар ба ҳифзи номусу Ватан ифода меёбад.

Оини парчамдории халқи тоҷик аз замонҳои қадим реша мегирад ва он ҳамчун расм ва суннати аҷдодӣ то ба даврони мо расидааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад».

Боиси ифтихори бузург аст, ки имсол мо 30-солагии Истиқполияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ҳукмронии сулҳу субот ва зери Парчами оламшумули ватанамон таҷлил намудем. Ин ҷашни бошукӯҳ, ки пойдевори ҳастиву бақои миллат аст, ба ҳар фарди соҳибдилу хештаншинос башорат медиҳад, ки дар ҳифзу таҳкими арзиши волои зиндагӣ — соҳиб-стиқлолӣ бештар аз ҳар вақт саъю талошаарзад.

 

Саидшозода Зафар Сафаралӣ,

муовини якуми раиси

Суди шаҳри Хуҷанд