Хукми суди шахри Хучанд бо моддаи 307 иловаи қисми 2 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда Р.Б.А. тахминан миёнаҳои моҳи августи соли 2022 бо тавсияи “Фаррух” ном шахс, ки шахсияташ алҳол муайян карда нашудааст, тавасссути телефони мобилии худ тамғаи “Samsung-Galaxy A5” дар шабакаи интернетии умумиҷаҳонии «Ютуб» ва суроғаҳои шахсиаш бо номи “AbdulloAbdulloev@gmail.com” дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон» маълумотдор гардида, мақсади онҳоро, ки ба бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои ташкилотҳои экстримистӣ ва террористӣ ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ ва миллӣ равона гардида, ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатии Тоҷикистон равона гардидааст, қобили қабул шуморидааст.

Баъдан, судшаванда Р.Б.А. дидаю дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаҳои интернетии ба ташкилоти террористӣ-экстремистӣ хизматкукунанда баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, ин санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судиро сарфи назар карда, ба ин ташкилот ҳамчун аъзо шомил шудааст.

Судшаванда Р.Б.А. амалҳои худро идома дода, баъди шомил шудан ба ин ташкилот дар асоси дастуру супоришҳои пешвоён ва аъзоёни фаъоли он иштироки ғайриқонуни худро дар фаъолияти он идома дода, аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои фаъолияти онҳоро ташвиқу тарғиб карда, инчунин маълумотҳои бадномкунанда вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохти давлатдории он, ки аз ҷониби тарафдорони ин ташкилотҳои ифротӣ зери танқид қарор дода мешуданд, тавассути суроғаҳои шахсии худ дар шабакаи интернети умумиҷаҳонии «Ютуб» ҷонибдорӣ намуда, бо ин роҳҳо мунтаззам ба пешрафти фаъолияти экстремистии ин ташкилот мусоидат намудааст.

Чунончӣ, судшаванда Р.Б.А. тахминан моҳҳои август-сентябри соли 2022 ҳангоми дар хонаи иҷоравии «Комил» ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Лалеи шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия истиқомат доштан  ва дорои телефони мобилии тамғаи “Samsung-Galaxy A5” будан, дар шабакаи интернетии “Ютуб” ба барномаи “Ислоҳ.ТВ” мансуб ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “паймони миллии Тоҷикистон” обуна шуда, мунтаззам барномаҳои онро таҳти муболиғаш-пешвои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳаммадиқболи Садриддинро бо номгўи “Минбари Муҳоҷир” тамошо ва ҷонибдорӣ кардааст.

Инчунин, ў дар давраи моҳи январ-феврали соли 2023 дар барномаи месенҷерии интернетии “Вотсап”-и мансуб ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Паймони миллии Тоҷикистон” номгўи “Ислоҳи.нет” ҳамроҳ ва аъзо гашта, мунтаззам бо Муҳаммадиқболи Садриддин тамос барқарор намуда, дастуру супоришҳои номбурдаро оид ба пешниҳод намудани ахбороту маълумот ё аксҳо вобаста ба шахсони мансабдори мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардааст.

Судшаванда Р.Б.А. дар маҷлиси судӣ бо айби ба ў бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардашуда худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.

Суд ба хулоса омад, ки кирдори судшаванда Р.Б.А.-ро бо моддаи 3073 қисми 2 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, пешбинӣ намудааст, банду баст намояд.

Бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 30 майи соли 2023 Р.Б.А. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) солу 6 (шаш) моҳ бо адо кардани он дар колонияҳои дорои низомаш пурзўр таъин карда шуд.

 

Раисикунанда:                                                                        Рустамзода М.

 

Ҳамзамон бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 30 майи соли 2023 бо мақсади дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, ба хулоса омад, ки оиди камбудиҳои ҷойдошта ба унвони яке аз Раиси Кумитаи маҳаллаи шаҳри Хуҷанд барои чораҷўӣ намудан таъиноти хусусии маҷлиси судро ирсол намуд.

 

Судяи суди шаҳри Хуҷанди

вилояти Суғд                                                                     Рустамзода М.