Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 29 августи соли 2023 бо моддаи 252 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судшаванда Ш.И.Р. ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ҷиноят ба муқобили барои ғайриқонунй ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруфро (рабудан)-ро дар ҳолатҳои зерин содир кардааст.

Чунончи, рӯзи 26-уми июни соли 2023 тахминан соати 17:30 дакика Ш.И.Р. ба хонаи рафиқаш Т.А.А., ки пештар якҷоя дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо намуда буданду шиносогии наздик доштанд ва охирон дар суроғаи шахри Хучанд, кӯчаи М.Акрамов, хавлии №135 истиқомат мекард, рафта бо охирон то бевақтии шаб ҳамсӯхбат шуда ӯ дар хонаи рафиқаш хоб карданӣ шӣдааст. Худи хамон шаб ӯ дидааст, ки рафиқаш Т.А.А., калиди автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” аломати қайди давлатиаш 26-45 МА 02 ТҶ-ро дар болои мизи хӯрокхӯри гузошта тахминан соати 22:00 дакика хоб кардааст. Сипас ӯ аз фурсати барояш мусоид, яъне хоб будани соҳибмулк Т.А.А. истифода намуда, бо мақсади ғайриконунӣ хай карда бурдани автомашинаи дар боло дарчгардида бидуни максади тасарруф калиди онро гирифта аз хона баромада автомашинаи боло зикршуда, ки назди хонаи истиқоматаш гузошта шуда буд, бе иҷозати соҳибмулк мухаррики онро ба кор дароварда автомашинаро ғайриконунӣ хай карда то махаллаи 34-уми шахри Хучанд бурдааст. Баъди ба ин маҳалла расиданаш сӯзишвории автомашинам мазкур тамом шудааст, ки минбаъд автомошинаро ба ҳаракат дароварда натавониста автомашинаро дар он ҷо гузошта рафтааст.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда Ш.И.Р. худро бо моддаи 252 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобид.

Суд бо назардошти шахсияти судшаванда Ш.И.Р.  ки ҷиноятро содир намудааст, ҳамзамон хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амали судшаванда ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда Ш.И.Р.  ҷазои дар раводиди моддаи 252 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи моддаи 58-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳи дорои низоми сахт таъин намояд.

Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 29 августи соли 2023 Ш.И.Р. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 252 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо моддаи моддаи 252 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 1 (як) бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шавад.

 

Раисикунанда:                                             Олимзода Р.Р.

 

Ҳамзамон бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 29 августи соли 2023 бо мақсади дар оянда роҳ надодан ба чунин камбудиҳо, ба хулоса омад, ки оиди камбудиҳои ҷойдошта ба унвони яке аз Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ дар фаъолияти нозирони минтақавӣ ва раиси ҷамоати шаҳраки ноҳияи Мастчоҳ дар фаъолияти раиси маҳаллаи кучаи Ҷ.Холиқови ҷамоати шаҳраки Бустон барои чораҷўӣ намудан таъиноти хусусии маҷлиси судро ирсол намуд.

 

Раисикунанда:                                              Олимзода Р.Р.