Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №294

Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон 17 декабри соли 1963 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби 2 фарзанд мебошад. Соли 1986 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №294 ба вазифаи Раиси суди шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Фаъолияти корӣ:

Аз соли 1986 то соли 1990 дар вазифаи нотариуси давлатии ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд кор карда, 2 майи соли 1990 Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шудааст.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба вазифаи Раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 1996 ба вазифаи Раиси суди шаҳри Хуҷанд, соли 2000 ба вазифаи Раиси суди вилояти Суғд, соли 2004 ба вазифаи Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, соли 2007 ба вазифаи Раиси суди ноҳияи Спитамен, соли 2015 ба вазифаи Судяи суди вилояти Суғд ва соли 2017 ба вазифаи Судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудааст.

Судяи тахассуси дараҷаи якум мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

 

 

 

 

Сафарзода Файзиддин Давлат 14 июни соли 1983 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор соҳиби 2 фарзанд мебошад. Соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ хатм намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №294 ба вазифаи муовини Раиси суди шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Фаъолияти корӣ:

Аз соли 2006 то соли 2010 дар вазифаи котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолият карда аз 15 июни соли 2010 то 22 июни соли 2011 ҳамчун коромӯз – судя дар Маркази таълимии судяҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2011 ба вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритус таъин шуда, то 25 ноябри соли 2021 фаъолият кардааст.

Судяи тахассуси дараҷаи чорум мебошад.