Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нақши занон дар ҷомеа

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд. Паём яке аз рукнҳои муҳим ва муосири давлатдории миллии мо тоҷикон ва дигар кишварҳо буда, ҳамчун дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар тӯли сол инҷониб ироа мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳтиром гузоштан ба мавқеи занону бонувон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста баҳри дастгирӣ, гиромидошт ва ҷовидонии ин мояи офариниш, талош меварзанд.

Албатта, мавзӯи Зан — Модар ва мақому манзалати он дар ҷомеа, яке аз муҳимтарин арзише мебошад, ки тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва умуман инсоният атрофии он андешаҳои худро баён намуда, муҳаббату садоқати хешро бо ҳар роҳу равиш изҳор намудаанд.

Дар ин замина, метавон тазаккур дод, ки миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърих дар боби эҳтиром гузоштан ба мақоми Зан- Модар ва ташкили оилаи солим таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд.

Далели гуфтаҳои зикргардида қабули барномаҳо ва стратегияҳои сатҳи давлатӣ ва амалисозии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошанд.

Дар даврони истиқлоли кишвар ба мақоми занон то он андозае таваҷҷуҳи давлатӣ зоҳир гардидааст, ки дар ҳеҷ давраи таърихи давлатдории мо тоҷикон, ба ин ҳад ҷойгоҳи шоистаро надошт. Ин нукта яке аз хусусиятҳои хоси институти давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳатто дар ин масъала, яъне таваҷҷуҳи хоссаи давлатӣ ба мақоми зан ва нақши он дар ҷомеаи Тоҷикистони маҳбуби мо дар соири кишварҳои пасошуравӣ дар радаи аввал қарор гирифтааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки «…мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем».

Масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарону бонувон дар ҳама зинаҳои таҳсилот, яке аз бахшҳои муҳим ҳисоб меёбад, ки дар Паём мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Махкамзода М.М.