Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони суди шаҳри Хуҷанд

Дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби судяҳо Иброҳимзода Ниҳолбӣ Абдураҳим, Қаландарзода Нозанин Абдуғаффор, Аҳмадзода Марҳабо Аҳмад ва котиби маҷлиси судӣ Мазбутова Гулрухсор Қаҳрамоновна дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мураббиён ва кормандони муассисаи мазкур доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.