Табрикот бо 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

 

Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, дар асоси Эъломия истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августа соли 1990, Изҳорот дар бораи истиќлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, ва қарори эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол аз 9 сентябри соли 1991 қабул кард шуд.

Баъди ба даст овардани соҳибистиқололият, омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки имкони пешравии Ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро аз байн бурд, ки ин ҷанги шаҳраванди мебошад. Ҳуқуқу озодиҳои инсонро касе кафолат намедод, корхонаҳо фалаҷ гашта ба таври дахлдор фаъолият намебурданд, касалиҳои сирояти авҷ гирифта буд. Масъалаи таъмини озуқавори дар қаламрави ҷумҳури беҳад нигаронкунанда буд.

Лекин дар ин муддати кутоҳ бо кушишҳои беназири сарвари давлати тоҷикон, Қаҳрамони миллат Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, фазои сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукфармо шуд, сохтмони нақбу роҳҳои оҳану, пулҳо оғоз ёфта кишварро бо ҳам пайвастаанд, зисту зиндагонии мардум беҳтар шуд. Мактабҳо соҳиби компютерҳо гардидаанд, низоми махсуси таълим рушд гардид. Даҳҳо донишкадаҳои олӣ, миёна ва литсейҳо бо бахшҳои нав ба нав кушода шуда, имкониятҳои тарбияи насли наврас фароҳам оварда шуд. Кадрҳои нави замони истиқлолият дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор ва фаъолият намуда, саҳми босазои худро дар ободи ва пешравии кишвари соҳибистиқлоламон гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон изҳор намуданд, ки «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаҳои возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Бори дигар ҷашни 33-юмин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

И.в. раиси суди шаҳри Хуҷанд                                   Раҳмон Ҷ.Қ.