Шанбегӣ дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Имрӯзҳо дар қаламрави вилоят ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллӣ — 33 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба сомон расида истодаанд. Вобаста ба ин санаи таърихӣ иншооти мухталиф бунёд, таъмир ва азнавсозӣ мегарданд.

Ҳамзамон суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ шанбегӣ ташкил намуда барои ободу зебо гардонидан ва хуш пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатӣ саҳми худро гузоштанд.