ТИРИ ХОИН БА НИШОН НАХОҲАД РАСИД!

Дар ҷомеае, ки сулҳу ваҳдат пойдор асту рӯ ба инкишоф мениҳад, нафароне пайдо мешаванд, ки баҳри халалдор кардани осудагии сокинонаш мекӯшанд. Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки таъриху тамаддуни бой дораду бо корнамоиҳои худ дар арсаи ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст, чанд сол инҷониб бо худпарастону хоинон муборизаи беамон бурда истодааст, зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ арзи ҳастӣ доранду аз нотавонбинӣ шуури ҷавонони навруставу некбинро вайрон карда истодаанд. Аслан, ҳанӯз дар даврони пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ, ки Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро баҳри ба даст овардани истиқлолият ниҳода буд, дар ҳар гӯшаву канори кишвар гурӯҳҳои хурд ташкил гардида, барои ба даст овардани ҳокимият ва ташкил кардани давлати исломӣ дар шакли хилофат кӯшиданд. Вале равшанфикрону ҳомиёни Ватан нагузоштанд то шуури насли ҷавон вайрон гардида, ба чунин гурӯҳҳо гаравида бошанд. Ҳарчанд шуури бархе аз ҷавонон вайрон гардида бошанд ҳам, вале онҳо натавонистанд, ба мақсади ниҳоии худ расида бошанд. Новобаста аз муборизаҳои пай дар пай то ҳол шумораи ками чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ мавҷуд буда, бо ҳар васила мехоҳанд, ҷавонони зираку доно ва соҳибмаълумоту соҳибистеъдодро ба сафи худ шомил кунанд. Тавре огаҳӣ дорем, нафароне, ки ба хотири пулу моли бардурӯғ зархариди хоинон гардида, зидди хоки замини аҷдодӣ баромада, ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гардидаанд, бо оқибатҳои нохуш дучор гаштанд. Зеро нохалафон бо суханҳои бофтаву бардурӯғ афкори ҷавононро вайрон карда, мехоҳанд сафи худро зиёд созанд. Боиси хурсандист, ки маҳз бо кӯшиши шабонарӯзии мақомоти қудратӣ аъзои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дастгир гардида, барои вайрон кардани фазои орому осудаи кишвар ҷазои сазоворро мебинанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯз донишу ҷаҳонбинии ҷавонону наврасон беҳ гардида, ба доми фиреб ва суханҳои бофтаи чунин ашхос бовар намекунанд. Ҷавонони худогоҳи кишвар танҳо бо мақсади пешравии кишвари азизи худ камари ҳиммат мебанданду намегузоранд, ки хоинони миллат ба ҳадафи нопоки худ расанд. Имрӯз барои таҳсил ва истироҳати ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар шароити хуби таҳсилу истироҳат муҳайё шудааст, ки мақсади ниҳоии ҳар як ҷавон аз дониши ҷаҳонӣ бархурдор гардидан аст. Боиси таассуф аст, ки тариқи расонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротгароӣ саҳифаи махсус ташкил намуда, ҷавононро ба он даъват мекунанду афкори солими онҳоро носолим мегардонанд. Дар ин замина мехоҳам, таъкид созам, ки ҷавонон набояд ба ҳар гурӯҳҳои номаълуми иҷтимоӣ ворид гарданд, вақти қиммати худро баҳри мутолиаи суханони иғвоангез сарф кунанд. Судяи суди шаҳри Хуҷанд Раҳимзод С.К.