Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ
Имруз, дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Хуҷанд Саидшозода З.С. ҳайати кормандони суди шаҳри Хуҷандро бо ҷашни 24 –солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, барои тамоми кормандон сиҳату саломатӣ, хушии рўхгор, зиндагии босаодат ва дар фаъолияти масъулиятнокашон комёбиҳои беназирро орзу намуданд.
Сипас, бахшида ба 24-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ, барои фаъолияти хуби меҳнатӣ, бомасъулият ва софдилона иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ дар давраи нимсолаи соли 2021 нуҳ нафар кормандони дастгоҳ бо Сипоснома сарфазор гардонида шуданд.
Аз ҷумла, дар маҷлиси мазкур номаи табрикотии якчанд мақомотҳои давлатӣ ба саҳми иштирокдорон расонида шуданд.