Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Имрўз, дар толори бинои суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр Рузи Президент пазируфта шудааст.
Дар маҷлиси мазкур Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р. тамоми кормандонро бо ин Рўзи фараҳбахш — Рӯзи Президент самимона табрик ва муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистонамон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуданд.