САРЧАШМАИ САОДАТИ ХАЛҚ

Истиқлолияти давлатӣ ба миллати мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Имрўз мардуми кишварамон хуб дарк кардаанд, ки Истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «Вақте мо аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва аз арзишу аҳамияти таърихии он сухан меронем, пеш аз ҳама дар назари мо, дар қалбҳои мо, амалишавии муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ падид меоянд, ки дар вуҷуди ҳар яки мо эҳсосоти ифтихори ватандорӣ ва созандагӣ, иқболу саодатмандӣ, истиқлолияту худшиносии миллӣ ҷўш мезанад»

Бояд зикр дошт, ки муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрўзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Аз ин рў, агар дар он тўфоне, ки солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд. Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрўзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дастоварди беназири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи саодати халқ ва таҳкими дастовардҳои беназирро дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муваффақ гардида, мамлакатро дар миёни кишварҳои ҷаҳон соҳибэътибор ва эътирофшуда муаррифӣ намояд.

Баргузории чорабиниҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин дастгирӣ ва пуштибонии ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳост ва боиси ифтихори ватандории ҳар яки мост.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд

      Суҳроб Қосимӣ