Зарра-зарра барф меборад сафед

Зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно зебою нуқрагун, руҳбахшу рушангари қалбҳост. Шабҳои тўлонӣ, сукути зебои табиат, покизагии ҳавою нафас. Тамошои бориши барф аз паси оина таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад, ё берун меоиву барфи алмосӣ ба рўят дона-дона мерезад.

Манзараи фасли зимистон дар кўҳҳо ва дар доманаҳо вақте, ки пур аз барф аст, хеле зебову аҷоиб мешавад, ки аз назар андохтан ба ин гуна манзара ҳаловати зиёд метавон гирифт.