Вохурии навбати бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

         

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олӣ бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ — И.в раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ., судяҳои суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Р.Р. ва Саидмухторзода Ш. санаи 26 августи соли равон вохурии навбати бо кормандони “Бонки Арванд” дар шаҳри Хуҷанд оиди ҷашн гирифтани 33 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба мавзӯъҳои пешгири аз шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” якқатор маърузаҳо намуда бо ҳозирин ва маъмурият саволу ҷавоб доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз намуданд.