Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 22 апрели соли 2025 бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда Д.М.Ю. уҳдадориҳои волидайнии худро иҷро накарда талаботи моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандони ноболиғи худ М.М., рӯзи таваллудаш 25.10.2016 сол ва М.А., рӯзи таваллудаш 25.10.2016 сол, ки ҳимояи онҳоро бевосита давлат кафолат додааст, поймол кардааст. Зеро, ӯ бо ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд аз 28.09.2023 сол уњдадор гардидааст, ки оғоз аз 29.08.2023 сол то ба синни балоғат расидани фарзандонаш ба фоидаи собиқ ҳамсараш Ю.З.А. ҳар моҳ ба ҳар фарзандаш ба андозаи 300 (сесад) сомонӣ, ҷамъ 600 (шашсад) сомонӣ ба тариқи устувор, маблағи алимент пардохт намояд. Вале, Д.М.Ю. аз иҷрои ҳалномаи мазкур бобати таъминоти фарзандони ноболиғаш М.Ф. ва М.З. бадқасдона саркашӣ намуда, нисбат ба уҳдадориҳои ба зиммааш вогузошта бемасъулиятӣ ва беэътиноӣ зоҳир намуда, гарчанде маротибаҳое шифоҳию хаттӣ аз ҷониби иҷрочиёни хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд огоҳонида шуда бошад, ҳам бидуни сабабҳои узрнок аз иҷрои уҳдадориҳои зикргардида саркашӣ намуда, аз 29.08.2023 сол то инҷониб давоми 15 моҳ ба миқдори 9000 сомонӣ маблағи алименти аз тарафи суд муайяншударо ба фоидаи даъвогар Ю.З.А. насупоридааст.
Бо ин амалҳои худ, Д.М.Ю. шароити муътадили ҳаёти фарзандони ноболиғаш М.Ф. ва М.З., ки онҳо ба таъминотпулӣ эҳтиёҷи зиёд доранд, ба ҳолати манфӣ халалдор сохта, ба вазъи инкишофи руҳӣ, ҷисмонӣ ва саломатиашон таъсир расонида, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони ноболиғи худро, ки таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи давлат қарор дорад, дағалона поймол намудааст.
Дар рафти маҷлиси судӣ судшаванда Д.М.Ю. худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор ҳисобида, дар асоси талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи судӣ пешниҳод намуд. Дар дархости худ судшаванда Д.М.Ю. дарҷ намудааст, ки ӯ худашро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор мешуморад ва худиқрории ӯ маҷбурӣ нест. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намуд, ки парванда бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ, бе таҳќиқи далелҳо гузаронида шавад.
Суд, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷинояти содирнамудаи судшавандаро мавриди баҳодиҳӣ қарор дода, қайд менамояд, ки он ба муносибатҳои муқобили оила ва ноболиғон равона карда шуда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷабрдида зарари манфӣ мерасонад ва он ҳолате, ки зарар аз тарафи судшаванда барқарор карда нашудааст, ба хулоса омад, ки нисбат ба судшаванда ҷазоро дар доираи санксияи ќисми 1 моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намояд.
Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 22 апрели соли 2025 Д.М.Ю. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳашт моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст.
Аз ҳисоби Д.М.Ю. ба фоидаи Ю.З.А. зарари расонидашуда ба маблаѓи 9000 сомонӣ, ситонида шудааст.
Судя Аҳмадзода М.А.