Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 14 феврали соли 2025 бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда А.А.А. аввалҳои моҳи ноябри соли 2024 аз минтақаи назди сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров ба маблағи 1200 сомонӣ аз шахси номаълум 47 қуттӣ маводи тарфгарии намуди “Трения Х201”-ро харида, бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додан онро дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Унҷӣ, кӯчаи Бедил, ҳавлии 17, ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, санаи 10 декабри соли 2024 – 47 қуттӣ маводи тарфгарии ғайриқонунӣ нигоҳ доштаашро ба ноболиғ Б.Р.Н. ба маблағи 3300 сомонӣ тариқи ғайринақдӣ савдо намуда, шабона ба назди хонаи истиқоматиаш бурда додааст. Ноболиғ Б.Р.Н. 47 қуттӣ маводи тарфгариро бо мақсади ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додан дар хонаи истиқоматиаш ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.
Минбаъд, ноболиғ Б.Р.Н., ки пешакӣ бо У.Ь.Ш. оид ба хариду фурӯ=ши 14 қуттӣ маводи тарфгарӣ ба маблағи 1680 сомонӣ маслиҳат карда буд дар бораи он, ки ноболиғ Б.Р.Н. барои фурӯш маводи тарфгарӣ дорад аз ҳамсинфаш ноболиғ М.А.А. хабардор гардида, бинобар дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш тариқи телефони мобилӣ ба ноболиғ Б.Р.Н. занг зада, 14 қуттӣ маводи тарфгариро ба маблағи 1190 сомонӣ харидорӣ намуда, ба дасти ноболиғ М.А.А. додани маводи тарфгарии харидаашро хоҳиш карда, ваъда додааст, ки баъди ба фурӯш баровардан пулашро ба пуррагӣ медиҳад. Дар як вақт ноболиғ М.И.Р. ба ноболищ М.А.А. раыами телефони мобилии харидор У.Ь.Ш.-ро дода, хоҳиш намудааст, ки 14 қуттӣ маводи тарфгариро аз хонаи ноболиғ Б.Р.Н. гирифта ба харидор У.Ь.Ш. дастрас намояд.
Санаи 11 декабри соли 2024 тахминан соати 10:30 дақиқа ноболиғ М.А.А. аз ноболиғ Б.Р.Н. 14 қуттӣ маводи тарфгариро гирифта, ҳангоми дар назди мағозаи “Дустон”-и маҳаллаи Баҳори шаҳри Хуҷанд ба У.Ь.Ш. ба фурӯш баровардан аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, аз номбурда 14 қуттӣ маводи тарфгарӣ бо тартиб додани санад гирифта шудаанд. Инчунин ҳамон рӯз боқимонда 33 қуттӣ маводи тарфгарӣ аз манзили истиқоматии ноболиғ Б.Р.Н. дарёфт ва бо тартиб додани санад гирифта шудаанд.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судии таркишӣ-техникии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №790 аз 20.12.2024 сол маводҳои силиндршакл ба миқдори 21150 дона, ки аз ҷониби А.А.А. ба фурӯш бароварда шудааст, ба гуруҳи маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил шуда, истеҳсоли саноатӣ буда, аз рӯи сохт, андоза ва хусусиятҳои хоси худ ба маводи тарфгарии навъи капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича бо номг=и “Трения Х201” мансубият дошта, барои истифодабарӣ аз рӯи таъиноташон дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.
Дар мурофиаи судӣ судшаванда А.А.А. худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида дархост намуд, ки мурофиаи судӣ нисбати ӯ тибқи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ гузаронида шуда, таҳқиқи далелҳо гузаронида нашуда, ба музокираи судӣ гузашта шавад, зеро эътирофи гуноҳи ӯ маҷбурӣ нест.
Бо назардошти дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда ва ҳолатҳои дар болозикршуда, суд, ба мақсад мувофиқ донист, ки нисбат ба судшаванда А.А.А. ҷазоро дар доираи санксияи моддаи мазкур таъин намояд.
Суд, инчунин, талаботи қисми 2 моддаи 46 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, инчунин, пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ карда мешавад, ҳангоми таъини ҷазо ба асос гирифт.
Тибқи талаботи моддаи 336 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд, масъалаи мукаллафии судшаванда А.А.А.-ро муҳокима намуда, муайян кард, ки номбурда мукаллаф буда, ба ягон намуд касалиҳои руҳӣ гирифтор намебошад.
Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 14 феврали соли 2025 А.А.А. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 14400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Далелҳои шайъӣ 21150 дона маводҳои тарфгарии намуди “Трения-Х201”, ки дар амборхонаи ШТ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нигоҳ дошта шудаанд, баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм нобуд карда шуданд.
Судя Қосимӣ С.С.