Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз санаи 03 июни соли 2025 бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судшаванда И.М.Р. уҳдадории худро оид ба таълиму тарбияи фарзандаш иҷро накарда, ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии фарзанди ноболиғаш И.А.А., санаи таваллудаш 20 ноябри соли 2008 монеъ шуда, охиронро ба корҳои хонагӣ ва нигоҳубини ду нафар модаркалонҳои маъюбаш ҷалб намуда, аз 02.12.2024 сол то инҷониб барои ба таҳсил рафтан иҷозат надодааст, ки имрӯз И.А.А. бояд дар синфи 10 таҳсилро идома медодааст.
Дар мурофиаи судӣ судшаванда И.М.Р. бо айби ба ӯ эълонгардида бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра айбдор ҳисобида, ба суд дархост дар бораи бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ бе таҳқиқи далелҳо баррасӣ намудани парванда пешниҳод намуда, баён намуд, ки худиқрории ӯ маҷбурӣ намебошад. Ӯ аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш намуд нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд, ҳангоми таъини ҷазо дар асоси моддаи 60 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар мегирад.
Суд, вобаста ба ҳолатҳои кор, тарзи содиршавии ҷиноят, шахсияти судшаванда ва таъсири ҷазо ҷиҳати ислоҳ шудан ва тарбия ёфтани И.М.Р. ба хулоса омад, ки нисбат ба номбурда дар доираи раводиди моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои корҳои ҳатмиро таъин намояд.
Тибқи талаботи моддаи 336 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд, ба мукаллафии судшаванда шубҳа пайдо накард.
Дар натиҷа бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 03 июни соли 2025 И.М.Р. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати яксаду ҳаштод соат дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар маҳалли истиқомати маҳкумшуда, бо давомнокии се соат дар як рӯз, берун аз вақти таҳсил ва кор, таъин карда шавад.
Назорати иҷроиши ҳукми мазкур ба зиммаи НКИ РИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вогузор карда шуда, муҳлати саршавии адои ҷазо нисбат ба маҳкумшуда И.М.Р. аз лаҳзаи ба НКИ РИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳозир шуда, амалан ба кор оғоз намуданаш ҳисоб карда шудааст.
Судя Иброҳимзода Н.А.