Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 25 майи соли 2022

Махсудзода Махкамҷон сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12, бинои 33/1, ҳуҷраи 23 ӯҳдадориҳои волидайнии худро иҷро накарда талаботҳои моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумхурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намуда, ҳукуқ ва манфиатҳои фарзанди ноболиғи худ Махсудзода Фараҳноз Махкамҷон, соли таваллудаш 14.04.2018-ро, ки ҳимояи онро бевосита давлат кафолат додааст, поймол кардааст. Зеро, ӯ бо ҳалномаи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 17.02.2021 сол уҳдадор гардидааст, ки cap карда аз 01.02.2021 сол то ба синни балотат расидани фарзандаш Махсудзода Фараҳноз Махкамҷон ба фоидаи Раҳимова Раҳима Ҷумаевна, ҳар моҳ дусад сомонӣ ба тариқи устувор, алимент пардохт намояд. Аммо, Махсудзода М. аз иҷрои ҳалномаи мазкур бобати таъминоти фарзанди ноболиғаш бадқасдона саркашӣ намуда, мухлати пардохти алиментро бе ягон сабабҳои узрнок ба таъхир андохта, аз санаи 14.06.2021 сол cap карда то санаи 01.05.2022 сол ягон маротиба ба фоидаи Раҳимова Р.Ҷ. алименти муқарраркардаи судро барои таъминоти як нафар фарзанди ноболиғаш Махсудзода Ф.М. пардохт накардааст. Аз ин рӯ, қарзҳои Махсудзода М. бо назардошти қарзҳои пештара аз ҳисоби алимент дар назди Раҳимова Р.Ҷ. доштааш, ки муддати зиёда аз 13 моҳро то санаи 01.05.2022 сол дар бар мегирад, дар умум маблаги ду ҳазору шашсаду панҷоҳ сомониро ташкил медиҳад. Бо ин амалҳои худ, Махсудзода М. шароити муътадили ҳаёти фарзанди ноболиғаш Махсудзода Фараҳноз Махкамҷонро, ки ӯ ба таъминотпулӣ эҳтиёҷи зиёд дорад, ба ҳолати манфӣ оварда расонида, ба вазъи инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва саломатиаш таъсир расонида, ҳуқуқӣ озодиҳои кӯдаки ноболиғи худро, ки таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи давлат қарор дорад, дағалона поймол намудааст. Бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 25 майи соли 2022  Махсудзода Махкамҷон бо моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди яксаду бист соат корҳои ҳатмӣ берун аз кори асосӣ таъин карда шудааст. Судяи суди шаҳри Хуҷанд Олимзода Р.Р.