Ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 20 майи соли 2022

Саломов Абдувосит Иргашович тахминан моҳи октябри соли 2014 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо Фозилов Иномҷон Алибоевич маслиҳати пешакӣ менамоянд, ки шаҳрвандони барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷмандро пайдо намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, яъне бо баҳонаи ба онҳо ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағҳои пулиашонро тасарруф намуда, ҷиҳати ошкор нашудани кирдори ҷинояткоронаашон парвандаи заминсозии бо роҳи сохтакорӣ, яъне қалбакӣ тайёр кардашударо медиҳанд.
Сипас Саломов Абдувосит Иргашович ва Фозилов Иномҷон Алибоевич аз рӯи маслиҳати пешакӣ ва баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаи ҷиноятӣ, тахминан моҳи октябри соли 2014 аз рафиқашон собиқ раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Рустамзода Абдухалил хоҳиш кардаанд, ки аз сабаби шароити иқтисодиашон вазнин ва дар назди шаҳрвандони бегона қарздор будан ба онҳо барои ба фурӯш баровардан аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд як адад қитъаи замин ҷудо карда диҳад. Рустамзода А. ба хоҳишу илтимоси Саломов А.И. ва Фозилов И.А. розӣ шуда, тахминан миёнаҳои моҳи ноябри соли 2014 ба номбурдагон як адад парвандаи заминсозӣ, ки дар дохили он сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи №0800916 аз 29.10.2014 сол ба номи Ғафуров Абдурауф, лоиҳаи дар маҳал гузаронидани ҳудуди қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А., нақшаи графикӣ қитъаи замини барои истифодаи манзили истиқоматӣ, суратҷаласаи муайян намудани ҳудудҳои қитъаи замин дар маҳал, қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №287 аз 30.05.2013, санад оиди муоина ва вобаста намудани қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А. ва нусха аз мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А. дода гуфтааст, ки парвандаи заминсозӣ ва ҳуҷҷатҳои дохили онро худи ӯ тавассути таҷҳизоти компютерӣ сохта, омода кардааст. Сипас, Рустамзода А. як адад қитъаи замини наздиҳавлигиро дар маҳаллаи 26-уми шаҳри Хуҷанд, квартали 14, тарҳи 36, ба Саломов А.И. ва Фозилов И.А. нишон дода, ҳудуди онро муайян карда гуфтааст, ки масоҳати қитъаи замини мазкур 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва онҳо онро метавонанд ба фурӯш бароварда маблағҳои аз ҳисоби фурӯши қитъаи замини болозиркшуда ба даст овардаашонро ба манфиатҳои шахсиашон сарф намоянд. Инчунин, Рустамзода А. он вақт ба Саломов А.И. ва Фозилов И.А. гуфтааст, ки оиди ин ҳолат ба ягон шахс сухан накунанд ва парвандаи заминсозиро бо ҳуҷҷатҳои дар дохили он буда онҳо аз ӯ нагирифтаанд.
Баъди он, Саломов А.И. ва Фозилов И.А. тахминан санаи 25 ноябри соли 2014 бо шаҳрванд Мухамедов Ғуфронҷон Раҳимович дар маҳаллаи 26-уми шаҳри Хуҷанд вохӯрда ба охирон пешниҳод мекунанд, ки бар ивази маблағи пулӣ дар маҳаллаи болозикршуда ба масоҳати 600 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳанд. Шаҳрванд Мухамедов Ғ.Р., ки ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доштааст, пешниҳоди Саломов А.И. ва Фозилов И.А.-ро қабул кардааст.
Сипас Саломов А.И. ва Фозилов И.А. аз ҳолати эҳтиёҷмандии Мухамедов Ғ.Р. ба қитъаи замин истифода намуда, арзиши қитъаи замини болозикршударо 14500 (чордаҳ ҳазору панҷсад) доллари ИМА мутаносибан ба асъори миллӣ, баробар ба 73577,35 сомонӣ муқаррар карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба охирон худи ҳамон рӯз фурӯхта, маблағҳои мазкурро байни худ баробар ба маблағи 7250 (ҳафт ҳазору дусаду панҷоҳ) доллари ИМА мутаносибан ба асъори миллӣ, баробар ба 36 788,675 сомонӣ тақсим карда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф карда, ба Мухамедов Ғ.Р. зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Боз Саломов А.И. ва Фозилов И.А. барои ошкор нашудани кирдорҳои ҷинояткоронаашон тахминан соли 2015 аз заминҳои озоди шаҳри Хуҷанд қитъаи замини воқеъ дар маҳаллаи 26-уми шаҳри Хуҷанд, квартали 14, тарҳи 36, ҷойгирбударо ба масоҳати 0,06 га, яъне ба андозаи ҳудудии 20х30 метр бо муайян кардани сарҳадҳои замин, ғайриқонунӣ ҷудо карда ба Мухамедов Ғ.Р. барои барпо намудани сохтмони капиталӣ додаанд. Шаҳрванд Мухамедов Ғ.Р. бехабар аз он, ки ба ӯ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда дода шудааст, соли 2016 дар масоҳати тахминан 20-25 метри мураббаъ як адад сохтмони капиталӣ ба хонаи истиқоматӣ монанд аз хишти сементи бунёд намудааст, ки дар натиҷа сохтмони мазкур бинобар ғайриқонунӣ буданаш санаи 10.06.2021 сол аз тарафи комиссияи доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пурра бартараф карда шудааст.
Инчунин Саломов А.И. ва Фозилов И.А. бо мақсади қонунӣ вонамуд кардани кирдорҳои ҷинояткоронаашон санаи 25.11.2014 сол дар назди кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Хуҷанд ба Мухамедов Ғ.Р. парвандаи заминсозӣ, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи №0800916 аз 29.10.2014 сол ба номи Ғафуров Абдурауф, лоиҳаи дар маҳал гузаронидани ҳудуди қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А., нақшаи графикӣ қитъаи замини барои истифодаи манзили истиқоматӣ, суратҷаласаи муайян намудани ҳудудҳои қитъаи замин дар маҳал, қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №287 аз 30.05.2013, санад оиди муоина ва вобаста намудани қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А. ва нусха аз мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замини шаҳрванд Ғафуров А.-ро, ки қаблан онҳо аз дасти рафиқашон собиқ раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Рустамзода Абдухалил гирифта медонистанд, ки ҳуҷҷатҳои болозикршуда тавассути таҷҳизоти компютерӣ тариқи сохтакорӣ омода карда шуда, қалбакӣ мебошанд, дода ваъда медиҳанд, ки баъди аз ҷониби ӯ дар қитъаи замини воқеъ дар маҳаллаи 26-уми шаҳри Хуҷанд, квартали 14, тарҳи 36, барпо кардани сохтмони капиталӣ барои шиносномаи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба номаш кардан, мусоидат менамоянд.

Бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аз 20 майи соли 2022 Саломов Абдувосит Иргашович дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фозилов Иномҷон Алибоевич дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудаанд.
Ба Саломов Абдувосит Иргашович бо дастрасии қисми 6 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72000 (ҳафтоду ду ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои масъулияти пулию молидошта дар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ новобаста аз шакли моликияташон мансабҳо дар соҳаи заминсозӣ ва мансабҳои ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати чор сол таъин карда шудааст.

Дар асоси бандҳои 5 ва 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24 августи соли 2016 таҳти №1355 Саломов Абдувосит Иргашович аз ҷазои асосӣ дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72000 (ҳафтоду ду ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, озод карда шудааст.

Ба Фозилов Иномҷон Алибоевич бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72000 (ҳафтоду ду ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи заминсозӣ ва мансабҳои ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати чор сол таъин карда шудааст.
Дар асоси бандҳои 5 ва 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 24 августи соли 2016 таҳти №1355 Фозилов Иномҷон Алибоевич аз ҷазои асосӣ дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 72000 (ҳафтоду ду ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат, озод карда шудааст.