ҲУҚУҚИ ИНСОН – МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ МОСТ
Ҳар як Паёми Пешвои муаззами мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз дастовардҳои солҳои гузашта барои мо пайғому дилпурӣ медиҳад ва ҳам дар назди мо вазифаҳои нав ба нав, аниқтараш вазифаҳое, ки моро ба шоҳроҳи ҷаҳони муосир қадам ба қадам ҳидоят мекунад ва ҳамқадами ҷаҳони пур аз мушкилоту печидагиҳои ғайриинтизор мекунад.
Боз ҳам ҳамин Паём аст, ки дар ин масири ҷаҳонӣ, дар ин печу тобҳо ва нишебу фарозҳои ғайриинтизор роҳи моро равшан мекунад. Дар воқеъ Паёми Ҷаноби олӣ як чароғи пурқудрати парпарафкан аст, ки гиреҳҳои мушкилоти муосирро равшан мекунад ва бо хиради азалии аҷдодӣ моро кумак мекунад, ки гиреҳҳоро бикушоем, роҳи худро ба сӯи ҳадафи шарафманду бузурги миллиамон кору пайкор кунем. Ин ҳадафи олӣ чуноне ки дар чанд Паёме, ки дар солҳои охир аниқу равшан хотирнишон мешавад осудаҳолии мардум, расидан ба як зиндагии шоиста аст. Ҳадафҳои дигари стратегии мо маҳз барои расидан ба ҳамин мақсади пуршараф хидмат мекунад.
Эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди босуръати саноатикунонии мамлакат низ дар ҳамин масир нақши муҳим хоҳанд бозид.
Дар партави Паём вазифаҳои Ҳокимияти қонунгузорӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳокимияти судӣ маълум аст, боз ҳам масъулияти бештар хоҳанд дошт ва аз масъулини ин соҳаҳо кордониву заҳмати бетанаффус талаб хоҳанд кард. Гиреҳҳои нахустини ин мушкилотро боз ҳам дар паёми имсола Ҷаноби олӣ салоҳиятмандона кушодаанд, ки ин ҷорӣ кардани дастгириҳои андозӣ ба соҳаи саноат хоҳад буд:
Бояд арз кунам, ки дар ҷаҳони муосир ҳамқадами замон будан ва дар айни замон симои шахсии миллии худро нигоҳ доштан як амри осон нест. Мо дар масири давлатсозии ҷумҳуриямон ҳамеша қадам ба қадам дар ҳамин росто фаъолият кардем, яъне дар баробари он ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда то тамоми дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ агар ҳамеша кушиш кардаем, ки қонунҳои мо ҳамқадами замон бошанд ба талаботи рӯзафзуни аср ҷавоб гуфта тавонанд, дар айни замон анъанаҳои қонунсозӣ, адолатпарварӣ, эътироми ҳуқуқи инсон, миллати куҳанбунёдамон нигоҳ дошта тавонанд. Албатта бо назардошти зарурату коромад будани ин анъанаҳо дар рӯзгори муосир.
Чунин ба назар мерасад, ки ин стратегияи сиёсиву фарҳангии Пешвои миллат қадам ба қадам самаровар мешавад. Ба хотири равшан кардани ин андеша бунёд кардани сохтмонҳои хурду бузурги меъморӣ дар асоси дастовардҳои тозатарини бинокорӣ (ба ёд орем, ки Пешвои хирадманди мо ҳамеша вақте хишти нахустини ҳар биноеро бигузоранд ҳатман таъкид мекунанд, ки ин бино хоҳ фарҳангӣ аст, хоҳ маишӣ, хоҳ саноатӣ бояд ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд, унсурҳои миллиро нигоҳ доранд.)
Дар соҳаи ҳуқуқ ин андешаро вақте пайгирӣ мекунем пеш аз ҳама Эъломияи ҳуқуқи башар, ки онро Созмони Миллали Муттаҳид тасвиб ва нашр кардааст ба ёд меорем ва дар айни замон бо эҳсоси ифтихор ба хотир меорем, ки моддаи нахустини он айни замон моддаи Эъломияи Куруши Кабир аст, ки яке аз саҳмҳои бунёдии миллати мо дар фарҳанги ҳуқуқии умумибашарӣ аст. Дар он модда гуфта мешавад, ки ҳар як инсон аз соати ба дунё омаданаш сарфи назар аз нажод, ҷинс, дину оин ва дигар фарқиятҳояш ҳуқуқи зиндагии шоиста ва соҳиби эҳтиром буданро дорад.
Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ақидаи ҳуқуқшиносони ҷаҳон яке аз беҳтарин қонунҳо эътироф шудааст. Дар Паёми имсола ҳам ишора ва арзиши олитарини ин Конститутсия, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани он аст, ишора мешавад:
“Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, зарурати қабули Кониститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шавад. Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.”
Дар ҳамин ҷо ишорае ҳаст, ки ба решаҳои бостонии қонунсозии миллии мо такя мекунад:
“Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.”
Дар Паёмашон Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки “ Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.”
Имрӯз вақте мо санади судӣ қабул мекунем ва тарозуи Фемидаро ҳамеша дар назар дорем, албатта кушиш мекунем, ки на ба қадри як арзан, ҳатто нимми арзан ҳам дар паллаҳои тарозуи Фемида камӣ ё зиёдӣ роҳ надиҳем. Дар айни замон мо ҳамчун як корманди ҳокимияти судӣ қудрати адолатгустар фаромӯш намекунем, ки якрӯза адолат баробари хайри чандинсола аст. Ин тақозоро аз мо анъанаи қонунгузории бостонии миллиамон чи аз даврони бостон ва чи аз тақозоҳое, ки Низомулмулк ва дигар ҳуқуқдонҳои бузургамон ба мерос дорем риоят кунем. Дар ҳамин масир яке аз оинҳои ҳам қадима ва ҳам муосири миллат, албатта дар асоси қонун авф кардану бахшидани қисме аз гунаҳкорон аст, ки дар ин 30 соли Истиқлолият 17 маротиба қонуни авф содир шуд ва нисбати 170 ҳазор нафар татбиқ шуд.
Дар Паём таваҷҷӯҳи хоса бобати баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон, муборизаи беамон алайҳи ҷиноятҳо марбут ба равишу ҷунбиши характери экстремистӣ дошта, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор зоҳир намуда шуд.
Чунин дастур аз ҷониби судяҳо бо роҳи мунтазам гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ, вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ, таъин кардани ҷазоҳои сазовор ба даст меорем.
Ҷаноби олӣ дар Паёмашон роҳнамоӣ кардаанд, ки: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷоя бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.”
Аз ин ҳидояти Паём мо чунин натиҷа мегирем, ки анъанаҳои қонунгузории миллии мо натанҳо адолати судиро дар рӯзгори муосир таъмин мекунад, балки бояд дар айни замон муаррифгари фарҳанги ҳуқуқии миллату давлати мо дар арсаи ҷаҳон бошанд.
Андешаҳову роҳнамоиҳои Ҷаноби олӣ чи дар паёмҳояшон, чи дар вохӯриҳояшон бо кормандони мақомоти судӣ, суҳбатҳояшон бо мардум, чи дар амалашон ҳамеша барои мо роҳнамоиҳову пандҳои падаронамонро ба ёд меоранд, ки ҳамеша мегуфтанду мегуянд: Дар хидмати мардум бошед, ба ҳаққи халқ хиёнат накунед, мискинону муҳтоҷонро дастгирӣ кунед… Мо ҳамчун фарзанди ин миллат, ҳамчун намояндагони ҳокимияти судӣ масъулият дорем панди падаронамон, ҳидоятҳои падаронаи Ҷаноби олиро риоят кунем ва нуқта ба нуқта дар амал татбиқ кунем.
Раиси суди шаҳри Хуҷанд
Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон