Тренинги омўзишӣ дар мавзўи ҷуброни зарари маънавӣ дар мурофиаи судӣ
Санаҳои 9-11 ноябри соли 2021 дар шаҳри Гулистон бо иштироки судяҳо ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ тренинги омўзишӣ дар мавзўи ҷуброни зарари маънавӣ дар мурофиаи судӣ баргузор гардид, ки дар ин тренинг судяҳои суди шаҳри Хуҷанд низ иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро намояндагони Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» ва Намояндагони САҲА дар Тоҷикистон оғоз намуда, мақсад ва вазифаҳои тренингро ба саҳми иштирокдорон расониданд.
Сипас, оиди мавзўъҳои «Қонунгузории миллӣ, ки масъалаҳои ҷуброни зарари маънавӣ/ғайримоддиро ба танзим медароранд», «Таъин ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ – равоншиносӣ дар парвандаҳои ҷуброни зарари маънавӣ», «Принсипҳои асосии ҳуқуқи маънавӣ вобаста ба ҷуброни зарари маънавӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.