Террорист, Ватан, дин ва миллат надорад

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон дар раванди қонунгузории мамлакат тағйиротҳои куллӣ ба миён омада, бори нахуст Конститутсияи кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки як қатор қонунҳо ва Кодексҳо қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №845 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 таҳти №69 қабул карда шудаанд.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ҷиноятҳо ба гуруҳи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дохил карда шудаанд, ки онҳо моддаи 179 – терроризм, моддаи 179 иловаи 1 ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо, моддаи 179 иловаи 2 – маблағгузории ҷиноятҳои хуссияти террористидошта, 179 иловаи 1 –даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва ё сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ, моддаи 180 иттилооти баръало бардуруғ оид ба кирдори террористӣ, моддаи 187 ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, моддаи 189 барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 307 иловаи 1  — даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм, 307 иловаи 2 ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 307 иловаи 3 ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 401 иловаи 1 ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, дохил карда шудаанд.

Таҳлили фаъолияти суд нишон медиҳад, ки барои баррасӣ парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои моддаи 179 – терроризм,   моддаи 187 ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, моддаи 189 барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 307 иловаи 1  — даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм, 307 иловаи 2 ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), 307 иловаи 3 ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), моддаи 401 иловаи 1 ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ворид гардидаанд.

Шумораи парвнадахои дар суди шахри хучанд мавриди барарси қарордода шуда, аз он гувоҳи медихад, ки сатхи ҷинояткори дар ин самт кохиш ёфта истодааст. Хушбахтона, аз ин шумораи махкумшудагон занхо ва ноболигаон ба назар намерасад. Вале ташвишовараш дар он аст, ки бисёрии шахсони чиноятсодиркарда чавонон ва ё шахсони маълумоти дахлдор ва ё чои кори доими надошта ба хисоб мераванд.

Аз ин хотир, хамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бояд кушиш ба харҷ диҳанд, ки бо роҳи баргузор намудани сўхбату вохуриҳо дар байни аҳолӣ ва сокинони кишвар дар самти пешгирии ҷинояткорӣ вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ва баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон саҳгузор бошем. Бо ин васила мо метавонем, ки шахсоне, ки гумроҳ шудаанд, наҷот дода, моҳиятии асли ва мақсаду мароми террорист, ки чи хеле ки Пешвои муаазами миллат, Асосгузори сулҳу вахдати милли, мухтарам Ҷаноби оли, Эмомали Рахмон қайд кардаанд, «Террорист, Ватан, дин ва миллат надорад» фаҳонида бошем.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд

Рустамзода Маъруфҷон