СУЛҲИ ТОҶИКОН – ТАҶРИБАИ БЕНАЗИР

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад»-ин шиор аслан ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корнамоиҳои онҳо гуфта шудааст. Аммо набояд аз ёд бурд, ки гирудори сиёсӣ ва талотуми солҳои навадуми асри сипаришуда хотираест, ки дар саҳфаи таърихи мамлакати мо чун рўзҳои сиёҳ сабт шудааст. Ин солҳои мудҳиш ва нофаҳмиҳо унсури номатлубе буд, ки мо на бо душмани ғаддори аҷнабӣ, балки бо худ даст ба гиребон будем. Албатта, дар пасманзари ҳаводиси он солҳо сенариянависони манфиатҷўй – хоҷагони хориҷӣ вуҷуд доштанд, ки ҳар замон ба оташи ҷанги дохилӣ равған мерехтанд. На додар бародарро мешинохту на падар фарзандашро. Ҳама ақлбохтаву ташнаи хуни ҳамдигар будем.

Силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз ҳар канораву кишварҳое ба сари мо фурў мерехт, ки ҳисобу китоби таври воридшавии онро касе намедонист. Фақат ҷорзаниҳои ҳадафҳои бебунёдона, қатлу куштори бераҳмонаи сокинони бегуноҳ ба авҷи аъло мерасид. Дар ин зимн, бори дигар метавон хотиррасон намуд, ки хоҷагони пасипардагӣ ба гурўҳу гурўҳчаҳои дохилӣ на фақат силоҳ мефурўхтанд, балки маслиҳатҳои ғаразнокашонро низ ба ивази ҷони садҳо нафар ба савдо мезаданд.

Давлати навбунёди тоҷикон-Тоҷикистони азиз дар дами чандпорашавӣ ва ҳатто, аз харитаи сиёсии ҷаҳон тақрибан дар ҳолати несту нобуд шудан қарор дошт. Он лаҳза танҳо мўъҷизаи осмоние метавонист, миллати кўҳанбунёди тоҷикро аз ин ақлбохтагӣ ва бародаркушӣ наҷот бидиҳад. Фариштае бояд аз осмон фуруд меомад, ки бо болу пари аҳуроиаш сари моро сила менамуд ва марзу буми моро аз чанголи ғаддори аҷнабиён наҷот медод.

Ҳаққо, ба бахти миллати сарбаланди мо гўё мўъҷизае, ки ба ин тамоми ҷаҳониён шоҳиданд, дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарди шарифе сарвари миллат гардиданд, ки боиси наҷоти ҳамагон шуданд. Айнан дар он лаҳзаҳои ҳассос ақли солиме зарур буд, ки ду нерўи мухолифи ҳамдигар қароргирифтаро ба сулҳ биёварад. Шукронаи Худо, ки ин фарди назаркардаи Парвардигор бо ақлу хиради воло ба мо сулҳ оварданд. Миллати моро аз парокандашавӣ наҷот доданд.

Вақте Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар Қасри Арбоб Парчами муқаддаси Тоҷикистонро бўсида, қасам ёд карданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», дар бадани хоҷагони хориҷӣ ва равғанрезони оташи ҷанг рашъаи рашку кудурат дамид. Аммо дар ин қибол рў ба рўи телевизионҳои худ ҳазорон модарону хоҳарон ва пирони нуронӣ ашк рехтанду дуо карданд, ки «Худовандо, ба ин бандаат ёрӣ кун, то муваффақ шавад, ки Тоҷикистони азизу муқаддаси мо ба як давлати осудаву ором табдил ёбад».

Воқеият ин аст, ки дуои пирони барнодил, модарони муштипар ва ҷомеаи ташнаи сулҳи Тоҷикистон ба китфи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли болу пари фариштагон нишаст.

Ҷараёни сулҳи тоҷиконро душманону аҷнабиён ва як тўда ватанфурўшону оқи миллатон бо ҳасад наззора мекарданд ва ҳар лаҳза дар интизори фурсати қулай қарор доштанд. Аммо Пешвои муаззами тоҷикон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бебокона худро даруни оташи ҷанг заданд. Ҷонибҳоро ба ҳам оварданд. Дар муддати кўтоҳтарин тавонистанд, ки сангарҳои ба ҳам хашму кина гирифта сари як хони музокироту ҳамдигарфаҳмӣ нишинанд. Сарвари ҷавону тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷонибҳо оташбас эълон намоянд, ба савганде, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз, дар Қасри Арбоб хўрда буданд: «…то охирин гурезаро ба Ватан наорам, осуда нахоҳам буд», воқеан, содиқ монданд. Кулли гурезагонро аз хоки Афғонистони шимолӣ бо оғўши меҳрбор ба Тоҷикистони азиз оварданд. Ҳазорон оилаҳои дар ин ҷанги бехонумон гаштаро ба манзилҳои худашон аз нав маскун сохтанд. Бо ҳамин таваҷҷўҳи ҷаҳониёнро намунаи олии ба даст овардани сулҳи тоҷикон ба худ кашид.

Ин буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро аксари кишварҳои ҷангзадаи дунё тавассути ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ то ҳанўз меомўзанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон мисли як институти абарқудрат барои ба даст овардани сулҳ дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон то ба ҳол омўзонида мешавад. Боиси ифтихор аст, ки на фақат дар дохил, ҳатто аз ҷониби олимони сатҳи байналмилалӣ бобати шахсияти Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо китобҳои муҷаллад ба нашр расида, ҳамчун дастури таълимии Дарси сулҳ дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупову Амрико ва Австралия омўхтаву омўзонида мешавад.

Маруфзода Некруз Нарзулло,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд