Сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат

Маҳз бо кушишҳои беназири Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазои сулҳ дар кишвари маҳбубамон ҳукмфармо шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардаҳои назраррас дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилал ноил гашт.

Мардуми сарбаланди тоҷик, дар Ваҳдату ягонагӣ зиндагонӣ намуда истодаанд. Сиёсати сулҳпарварона ва сулҳи тоҷикон аз тарафи кишварҳои муттарақии дунё дастгирӣ ёфта, таҷрибаи беназири дигар давлатҳо гардид.

Бо ба даст овардани Ваҳдати Миллӣ нофаҳмиҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз байн рафта, муносибати давлат ва шаҳрвандон дар асоси қонунҳои қабул гардида, амалӣ гардида истодаанд.

Сулҳу субот ва Ваҳдати Миллӣ беҳтарин созандагист, ки Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсатро пеш гирифтанд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро нағз дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо ҷорӣ кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мамлакат ва зарари калони иқтисодӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ сабаби асосии ақибмонии иктисодиёти Ватанамон гардид. Фаъолияти муътадили кори корхонаҳо, мактабҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, ҳукуқ ва озодиҳои инсон поймол гашта будаанд.

Баъди ба даст  овардани  Сулҳи тоҷикон  аз  ҷониби  Пешвои  миллат Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт андешидани тадбирҳои судманд барои ҳадафҳои пешбинишуда, заминаи мусоид барои мустаҳкам намудани Вахдати Миллӣ дар кишвар гашт. Аз ҷумла сохтмони нақбу роҳҳои оҳану мошингард ва пулҳо оғоз ёфта кишварро бо ҳам пайвастаанд, зисту зиндагонии мардум беҳтар шуд. Мактабҳо соҳиби компютерҳо гардидаанд, низоми махсуси таълим рушд гардид. Даҳҳо донишкадаҳои олӣ, миёна ва литсейҳо бо бахшҳои нав ба нав кушода шуда. имкониятҳои тарбияи насли наврас фароҳам оварда шуд. Мутахассисон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор ва фаъолият намуда, саҳми босазои худро дар ободии кишвари маҳбубамон гузошта барои пешравии Ватани азизамон корҳои ободонӣ ва созандагиро ба анҷом расонида истодаанд.

Ваҳдати Миллӣ чун яке аз падидаҳои сиёсати давлатӣ натанҳо ягонагию бародари халқҳои кишвари моро мустаҳкам менамояд, балки ҳамчун ғояи ҳаётбахш боиси рушду камоли минбаъдаи Тоҷикистони азизамон мегардад. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои ободӣ, тинҷию осоиштагии Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат баста шабу рӯз софдилона меҳнат намоянд.

Рустамзода Маъруфҷон,

Судяи суди шаҳри Хуҷанд