Шартҳои баррасии эътироз ва шикоят нисбати ҳукм дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ – ин шакли фаъолияти суди марҳилаи болоӣ[1], ки бо меъёрҳои қонун муқарраршуда, тартиби эътироз ё шикоят овардан  аз болои қарорҳои судӣ (ҳукм, таъинот ё карорҳо), ки ҳоло эътибори қонунӣ  нагирифтаанд, фаро мегирад ва дар  суди марҳилаи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудан ва масъалаҳои аз нав баррасӣ ёфтани қонунӣ ва асоснок будани ҳукм, таъинот ё қарори судиро  ба  танзим  медарорад.

Аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарорҳои суди марҳилаи якум дар  суди марҳилаи кассатсионӣ кафолати муҳими ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту массисаҳое, ки аз ҷиноят зарар дидаанд, мебошад.

Дар адабиёт қайд мешавад, ки ин марҳила имконият медиҳад, ки хатогиҳои суди марҳилаи якум ба таври фаврӣ ошкор ва бартараф карда шаванд, то ки адолати судӣ воқеан таъмин карда шавад[2]. Ноил шудан ба чунин ҳадаф танҳо ҳангоми аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ пурра риоя намудани принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ, аз қабили татбиқи адолати судӣ, ҳифзи судӣ, қонуният ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, эҳтироми шаъну шарафи шахс, дахлнопазирии шахсият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, дахлнопазирии  манзил, маҳрумияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсӣ ва оилавӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробарӣ дар назди қонун ва суд, мустақилияти судяҳо, забони мурофиаи судии ҷиноятӣ, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва одилонаи ҳолатҳои кор, таъмини ҳукуки ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, сафедшуда ва ҳуқуқи шикоят намудан  аз амал  ва қарорҳои мурофиа имконпазир мегардад[3].

Ба баррасии парванда дар  суди марҳилаи кассатсионӣ хусусиятҳои дигаре, ки аз принсипҳои демократии адолати  судӣ сарчашма мегиранд, мансубанд, аз ҷумла озод будани шикояти кассатсионӣ, хусусияти санҷишӣ доштани он; санҷиши қонунӣ ва асоснокии ҳукм; пешниҳод кардани маводҳои иловагӣ, роҳ надодан ба бад шудани аҳволи маҳкумшуда.

Озодии шикояти кассатсионӣ аз меъёри умумии конститутсионӣ дар бораи ҳуқyқи шаҳрвандон оид ба шикоят аз амали мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оғоз шуда, ва имконияти овардани шикояти кассатсиониро низ дар бар мегирад.

Дар адабиёт чунин ақида баён шудааст, ки шикояти кассатсионӣ ва эътироз ба санадҳои суди марҳилаи аввал  ҳуқyқ ва манфиати тарафҳоро кафолат медиҳад, ки дар як дараҷаи муайян зарурат ва самаранокии суди марҳилаи дуюмро муайян мекунад[4].

Мувофиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] дар бораи озодии шикояти кассатсионӣ ба шахсони манфиатдор чунин ҳуқyқҳои васеъ дода шудааст:

  • шикоят кардан аз болои ҳукм ва санадҳои ҳама марҳилаҳои судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст;
  • шикоят дар ҳаҷме, ки барои муҳофизати ҳуқyқҳо ва манфиатҳои қонунӣ заруранд;
  • пешниҳоди аризаи шикоятӣ бо талаботи расмӣ ба мазмун ва шакли он;
  • шикоят ба забони модарӣ ё ба кадом забоне, ки онро шахс медонад;
  • шикоят ба воситаи суде, ки хукм баровардааст ё бевосита ба суди марҳилаи кассатсионӣ;
  • имконияти бозхонди шикояти кассатсионӣ ё бекор кардани аз нав дида баромадани он;

Тартиби баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи суди марҳилаи дуюм аз он шаҳодат медиҳад, ки суди мазкур бо ваҷҳҳои шикоят ё эътирози кассатсионӣ алоқаманд нест. Вай вазифадор аст, ки ҳамаи маводи  парвандаро дар ҳаҷми пурра дида барояд. Ин вазифа маънои онро дорад, ки суди марҳилаи кассатсионӣ вазифадор аст, ки ҳукмро тибқи  талаботи қонун ва мувофиқ ба ҳолати воқеии парвандаи ҷиноятӣ ба таври ҳаматарафа, дар доираи ваколатҳои худ дида баромада, хатогиҳои аз тарафи мақомот ё суди марҳилаи аввала роҳ додаро ислоҳ  намояд, новобаста аз он, ки дар бораи онҳо дар шикоят ё эътироз қайд карда шудааст ё не.

Суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятиро аз нуқтаи назари ҳамаи асосҳои кассатсионӣ ва дар ҳолати ошкор кардани як ё якчанд асосҳое, ки ҳукмро бекор мекунад, ё ба он тағйирот дохил карда мешавад, дида мебарояд[6]. Ин тартиб – тартиби ревизионӣ (тафтишотӣ) номида мешавад.

Бо ҳамин роҳ суди марҳилаи болоӣ метавонад аз болои фаъолияти судӣ марҳилаи аввала назорати қатъӣ барад. Ин тартиб  бо  он асос меёбад, ки овардани эътироз аз тарафи прокурор ё шикоятӣ айбдоршаванда (ҳимоятгар) нисбати ҳамаи маҳкумшудагон  то  қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм   монеагӣ мекунад.

Бо тартиби ревизионӣ баррасӣ шудани парванда зуҳуроти принсипи моҳияти расмӣ доштани мурофиаи ҷиноятӣ буда, таҳлили пурра ва ҳаматарафаи парвандаро таъмин мекунад, ҳуқyқи маҳкумшударо барои ҳимояи озоди шикоят аз болои ҳукм, ҳуқyқҳо ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаро кафолат медиҳад ва инчунин ба амали гардонидани назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ мусоидат мекунад.

Санҷиши қонунӣ ва асоснокии ҳукм аз он иборат аст, ки суди марҳилаи кассатсионӣ на фақат қонунӣ будани ҳукм, яъне риоя кардани меъёрҳои мурофиаи ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ дар пешбурди парвандаи ҷиноятиро, балки асоснокии он, яъне мувофиқат кардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён карда шудааст, нисбати ҳолати воқеии парванда ва мавҷуд будани далелҳо, ки хулосаи суди мақомоти марҳилаи авваларо тасдиқ мекунад,  иборат мебошад[7].

Марҳилаи кассатсионӣ тамоми фаъолияти мурофиавие, ки пеш аз баровардани ҳукм ба амал омадааст, аз нуқтаи назари риоя кардани шакли мурофиавӣ, инчунин тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз рўи мазмуну мундариҷаи он санҷида мебарояд.

Аз нав дида баромадани ҳукм аз руи шикоят ва эътироз  тавре ба роҳ монда шудааст, ки суди марҳилаи болоӣ бо тафтиши дурустии татбиқи меъёрҳои ҳуқyқи маҳдуд нашуда, балки онро меомўзад, муқоиса мекунад ва ба ҳамаи далелҳо аз нав баҳо медиҳад, то ин, ки муайян кунад, ки то, чӣ андоза хулосаи суди марҳилаи поёнӣ бо маводҳо оиди парвандаи ҷиноятӣ асоснок карда шудааст ва  то чӣ андоза онҳо ба далелҳои муқаррар карда шуда мувофиқ ҳастанд, яъне ҳукм аз рўи  шакл ва мазмуни дуруст аст ё не?

Фарқияти фаъолияти суди марҳилаи кассатсионӣ аз марҳилаи суди аввала дар он аст, ки он тафтишоти судӣ намегузаронад. Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани ҳукмро бо усули омўхтан ва баҳо додан ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ба амал мебарорад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад маводҳои иловагиро талаб кунад, ки онҳо бо роҳи тафтишот ба даст оварда намешаванд. Пешниҳод кардани маводҳои нав ба суди марҳилаи кассатсионӣ барои он зарур аст, ки ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз мавҷуд буда, тасдиқ карда шаванд.

Шахсоне, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, ҳуқyқ доранд ба суди  марҳилаи кассатсионӣ маводҳои навро  ҳам то оғози маҷлиси судӣ ва дар рафти он, лекин пеш аз хулосаи прокурор пешниҳод намоянд. Дар рафти санҷиши ревизионии маводҳо, худи суди марҳилаи кассатсионӣ низ маводҳои иловагиро талаб карда метавонанд.

Пешниҳод кардани маводҳои иловагӣ – ин тасдиқи иловагии мавҷудият ё мавҷуд набудани асоси кассатсионӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Ба чунин маводҳо, маводҳои хаттӣ ва инчунин ашё ва ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд. Бештар ин тасдиқнома, хислатнома, варақаҳои корношоямӣ, суратҳисоби шахсӣ дар муасисаҳои амонатӣ, аризаи шахсони алоҳида оиди ҳолати воқеии парванда, хулосаи хаттии мутахассисон, ё ки ба экспертиза дахл доранд ба ҳисоб мераванд. Маводҳои нав онҳое ба ҳисоб мераванд, ки сарчашма ва тарзи ба даст омадани онҳо хусусияти кассатсионӣ доранд.

Масалан, хулосае, ки бо ёрии онҳо ҳолатҳои содир шудани ҷиноят муайян карда шудааст, хулосаи мутахассисони соҳаи махсуси илм ҳастанд, лекин ин маводҳо бо роҳи тафтишотӣ ба даст овада нашудаанд. Озодии шикоятро таъмин намуда, қонун иҷозат намедиҳад, ки дар вақти тафтиши парванда аз рўи шикояти маҳкумшуда ё ҳимоятгар ба бадтар шудани ҳолати ў роҳ дода шавад,  ё ки аз ҷазои таъиншуда бо ҳукми нав нисбатан вазнин шавад.

Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқyқ дорад ҳукмро бо зарурати татбиқ шудани қонун дар бораи ҷиноятӣ вазнин ё аз сабаби сабук будани ҷазо дар он ҳолат бекор кунад, ки маҳз дар ҳамин асос прокурор эътироз оварда бошад, ё аз тарафи ҷабрдида шикоят шуда бошад. Суди марҳилаи кассатсионӣ новобаста ба он, ки аз тарафи кӣ шикоят шудааст, ҷазоеро, ки суди марҳилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ки қонуни оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ кунад, вале ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзӯр намояд ва ҳамчунин қонуни доир ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ кунад.

Бад шудани аҳволи маҳкумшуда баъди бекор шудани ҳукм бо шикояти ҷабрдида ҳамон вақт мумкин аст, ки агар дар натиҷаи аз нав дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ, далелҳои содир кардани ҷиноят бо ҳолатҳои  вазнинкунанда ошкор карда шаванд.

Сухан дар бораи он ҳолатҳое меравад, ки онро тафтишот муайян кардааст, ки онҳо содир кардани ҷинояти вазнинтар аз тарафи айбдоршавандаро нишон медиҳад. Суд метавонад, ҳукми сафедкуниро дар тартиби кассатсионӣ  ба шарте бекор кунад, агар аз болои он прокурор эътироз баён карда бошад ё ҷабрдида шикоят карда бошад.

[1] Юлдошев Р.Р., Рањимзода Р.Њ.  ва дигарон. Мурофиаи љиноятї. Китоби дарсї.  – Душанбе: Таджпринт, 2017. – С. 451.   555с.

[2] Рањматулоев А.Э. Мурофиаи љиноятї. Китоби дарсї. Нашри 2. – Хуљанд: Хуросон , 2019. – С.523  664с.

 

[3] Михайловская И.Б. Суды и судьи: независимость и управляемость. – М.: Проспект, 2010. – С.138.

[4] Кахоров Н.М. Основы состязательности в уголовном судопроизводстве Республики Таджикистан: Теоретико-правовой аспект // Автореф..канд.юр.наук. – Бишкек, 2018. — 24с.

[5] Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон. – Душанбе: Матн, 2020. – С.174.

[6] Ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 июни соли 2010, №12 «Дар бораи таљрибаи судњои Љумњурии Тољикистон оиди ба тариќи кассатсионї баррасї намудани парвандањои љиноятї». –Душанбе, 2012.- С. 492.

 

[7] Ќарори  Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон №33 аз 24 декабри  соли 2010  “Дар бораи њукми судї” Маљмўаи ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон (1992-2009). –Душанбе : Ирфон, 2010.

Аҳмадзода Марҳабо Аҳмад

мутахассиси пешбари суди шаҳри  Хуҷанд