Шанбегӣ дар суди шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади иштирок дар татбиқи чорабиниҳои банақша гирифташудаи ободонию бунёдкорӣ ва таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 20 феврали соли 2021 дар суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ гузаронида шуда, бинои суд ва гирду атрофи он ободу зебо гардонида шуд.