Семенар тренинг бо судяҳои суди вилояти Суғд дар мавзўи «механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак. Хусусиятҳои хоси ҳимояи руҳӣ»

Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Айни ҳол, дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кўдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кўдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанўз дар дунё теъдоди зиёди кўдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шосита доранд. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кўдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 14-16 феврали соли 2019 дар маркази таълимии бонки милли ҶТ дар шаҳри Гулистон семенар-тренинг дар мавзўи «Механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак. Хусусиятҳои хоси ҳимояи руҳӣ» бо иштироки судяҳои суди вилояти Суғд гузаронида шуд, ки дар семенари мазкур Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р., судяҳо Набизода Н.Ҳ. ва Маруфзода Н.Н. низ ширкат варзиданд.

Дар чорабинии болозикргардида, вобаста ба мавзўъҳои стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар низоми ҳокимияти судӣ, мафкураи ноболиғон, ҳолати ҳуқуқии ноболиғ, татбиқи чораҳои маҷбурии хусусияти тарбиявидошта ва дигар масъалаҳои муҳим машғулиятҳо гузаронида шуданд.