САРФАИ БАРҚ — САРИШТАИ БУҶАИ ОИЛА

Солҳои охир дар кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба мартаба афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки баъзе аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид роҳ диҳанд. Чунончӣ истифодаи истифодаи нодурусти асбобҳои гуногуги барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба буҷети теъдоди зиёди хонаводаҳо таъсири манфии худро расонид.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, “сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарури об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷидлӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғибменамоянд.”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва ояндабинононаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин солҳост, ки ба рушди соҳаи гидроэнергетика аҳамияти хоса медиҳанд.Имрӯз, пеш аз ҳама, диққати Ҳукуматикишвар ба соҳаи гидроэнергетика бештар зоҳир мегардад. Сохтмони бузургтарини неругоҳи Тоҷикистон- “Роғун” идома дорад ва ду агрегати он ба кор даромад. Кор дар ин сохтмон босуръат давом дорад ва дар сурати пурра ба истифода додани нерӯгоҳи “Роғун” талаботи дохилиикишвар комилан қонеъкарда мешавад.

Имрӯз шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани нерӯгоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту амнияти иҷтимоӣ мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар нахустин солҳои истиқлол зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Имрӯз хушбахтона, ҳама ба қувваи барқ таъмин аст ва моро зарур аст, ки онро сарфакорона истифода намоем, инчунин, миёни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Бояд қайд кард, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани давлати навбунёди миллӣ инфрасохторҳои энергетикии кишвар рушд ёфта, имкониятҳо фароҳам омад, ки як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда шуда, системаи ягонаи энергетики таъсис дода шавад. Имрӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсаду ниятҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ бунёд карда шудаанд, ки дар рушду нумӯи кишварва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мерасонад.

Истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.

Дар ин маврид буҷети оила фоида мебарад ва ҳам неруи барқ беҳуда сарф намегардад. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ нишонаи маданияти баланди қарзи шаҳрвандист. Дар ин кори масъул ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем.

Марҳабо Аҳмадзода,

судяи суди шаҳри Хуҷанд