САНДИ ТАКДИРСОЗИ МИЛЛАТ

«Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шои- старо муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барно- маҳоямон маҳз ба хотири амалй гардонидани ҳамин ҳадафи олй қабул ва амалй карда мешаванд».

Эмомалй РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободу зебо гардад.

Санаи 6 — уми ноябри соли 1994 барои мар- думи тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқй Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шавад. Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба, сол-ҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стан- дартҳои санадҳои меъёрй — ҳуқуқии байналми- лалй ҷавобгӯ мебошад. Дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Чумҳурии Тоҷи- кистон ҳамчун давлати иҷтимой муаррифй шудааст. Давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолй, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва гайраро зери парасторй ва гамхории махсус гирифтааст.

Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷум- ҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳр- ванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатй, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрй ва истиқло- лияти кишвар, арзишҳои фарҳангй ва муқадда- соти миллӣ, тамомияти арзй, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатй ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар авҷи нооромиҳои даҳаи охири асри XX ва оғози садаи бархурди тамаддун-ҳо, ғасб ва ба ҷангу низоъҳои дохилй кашидани кишва- рҳои рӯ ба тараққй аз ҷониби давлатҳои абарқуд- рати ҷаҳонй ба як давлати воҳиду ягона муваффақ намуда, шакли идораи ҷумҳуриро ҳамчун шакли идораи президента муайян кард.

Мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи Конститутсия муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ буда, бо ин назар- дошт аҳолии кишварро ба фаъолияти обод- корию созандагй, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангй ва муқаддасоти миллй, ҳифзи як- порчагй ва амнияти ҷомеа, пойдориву таҳ- кими Ваҳдати миллй, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилоти тамоюли тундгарой ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатй ҳидоят менамояд.

Раҳимзод Сулаймон КАРИМ,

судяи Суди шаҳри Хуҷанд