САНАДИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Нақши конститутсия на фаҳат барои расмӣ гардондани бунёди дав- лати нав, инчунин барои таъмини инкишофи он низ колон аст. Чунки дар он асосу заминаҳое муқаррар шудаанд, ки фсщат бо роҳи татбиҳи дурусти онҳо давлат пеш рафта метавонад. Ҳанӯз аз соли 1990 таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав огоз ёфта, он бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 анцом ёфт.

Конститутсияи соли 1994 аввалин бор Тоҷикистонро давлати соҳибих- тиёр эълон кард. Соҳибихтиёрии Чумҳурии Тоҷикистон асоси сиёсию ҳуқуқй ва самти амалй дорад, зеро дар дохил ва хориҷи кишвар қувваи мута- шаккиле вуҷуд надорад, ки он ба соҳиб-ихтиёрии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта бошад. Ҳифзи соҳибих- тиёрии Тоҷикистон, кафолати ягонагии он бо имкониятҳои иқтисодй, сиёсй ва ҳарбии давлат пайвастагй дорад. Аз ин рӯ, кӯшиши мустаҳкам кардани асоси иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии зиндагии мардум ба пойдоргардонии соҳибихтиёрии давлат пайвастагии бевосита дорад.

Соҳибихтиёрии давлатй дар заминаи соҳибихтиёрии миллат ва халқ қарор мегирад. Дар марҳалаи ҳозира бе амалӣ гардонидани соҳибихтиёрии миллат пайдоиши давлат ва соҳибихтиёр гардидани он ғайри- имкон аст. Заминаи асосии соҳибих- тиёр гардидани давлат татбиқ гардидани соҳибихтиёрии миллат мебошад. Конститутсияи соли 1994 Тоҷикис- тонро давлати ягона эълон намуд. Яго- нагии давлати миллй арзиши бебаҳо буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як давлат- дор ва фарди кишвар мебошад. Дар ҳифзи ягонагии давлат ва соҳибихтиё- рии он нақши қувваҳои мусаллаҳ калон аст. Таъйиноти асосии онҳо ҳифзи Батан ва марзи он мебошад. Ба туфайли қабули Конститутсия Ҷумхурии Тоҷикистон давлати демократа эълон шуд, ки он ба майлони умумии раванди демократии инкишофи ҷомеаи башар мувофиқат мекунад. Имрӯз сохтори демократй бешубҳа, арзиши умумибашарй до- ниста шуда, кулди давлатҳои ҷаҳон демократияро афзал медонанд. Сохтори демократй ҷараёни беисти ба мардум наздик сохтани ҳокимияти сиёсй буда, ҳар як давлат дар марҳалаи муайяни инкишофи худ дар ин ё он са гҳи демократикунонй қарор мегирад. Давлатҳои нав бунёдёфта, ода- тан дар сатҳи ибтидоии раванди демократй буда, инкишофи он беш- тар ба муҳите алоқаманд аст, ки онро ҳокимияти сиёсй муҳайё месозад. Давлати ҳуқуқбунёд эълон шу- дани Тоҷикистон мақсади наҷибест, ки давлат дар назди худ гузоштааст. Кӯшишу ғайрати чандин наслҳои одамон зарур аст, то ин ки дар самти иҷрои ҳадафи хуқуқбунёди давлат ба комёбиҳо ноил гардад. Соли равон ба қабули Консти- тугсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад, ки тайи ин солҳо он барои пешравй, озодй, сулҳу ваҳдат ва баробарҳуқуқиву адолатмандй кӯмакрасон аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, чун констй- тутсияи беҳтарин дониста шудааст.

Суҳроб Қосими,

судяи суди шаҳри Хуҷанд