Рӯзи Сарвари хирадманду адолатпеша ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз


Шахсияти барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амалҳои худ дар сарнавишти кишвар нақши муассир бозида, гузаштаи пурҳановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, роҳи имрӯзу фардоро чун машъали фурӯзон нурафшонӣ мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои шинохта, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он кас ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътирофшуда маҳсуб меёбанд. Мустаҳкам шудани пояи давлатдории тоҷикон ва рушду нумӯъёфтани сохторҳои ҷомеаи кишвар аз хизматҳои бузургу шоистаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. дар таърихи навини тожикон дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалҳои бунёдкоронаи ин шахсияти бузург бо ҳамдигар иртиботи ногусастанӣ доранд.
Бо назардошти эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ягонагии мардуми сарзамин, болоравии обрӯву нуфуз ва мавоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ, ки ба салоҳиятнокиву фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шудааст. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои сарнавиштсози тоҷикон, асосгузори Тоҷикистони мустақил мебошанд. Бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин марди бузург Тоҷикистони азиз чун давлати соҳибихтиёр дар харитаи ҷаҳон арзи ҳастӣ кард ва онро тамоми мардуми дунё мешиносад ва эътирф мекунад. Аз замони ба даст овардани Истиҷлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роӣ мепаймояд.Итминони комил дорам, ки дар оянда Ватани азизи биҳистосоямон боз ҳам ободтар, эътибораш афзунтар мегардад ва ба бахти миллат Пешвои маҳбуб ва Сарвари саодатовари мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломату шарафманд ҷовидона боқӣ мемонанд.
Рӯзи Президент, Рӯзи Сарвари хирадманду адолатпеша ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!

            Котиби маҷлиси
        судии шаҳри Хуҷанд:                                 Ҷалилзода Абдуҷалил Абдуҳалим