Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

Санаи 24 ноябр дар бинои суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки тамоми кормандони суди шаҳр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.