Пешгирии зўроварӣ дар оила
Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили давлат мебошад, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонцнияту адолатро баҳри бунёди оилаи солиму устувор, таълиму тарбияи фарзандони ватандўст, устуворӣ ва пойдории давлат, ки а бунёди оила сарчашма мегирад, ҳифз менамояд.
Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилаие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», Қаророи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр вохўрию суњбатҳояшон ил ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ сухан мегўянд ва оилаи пойдорро асоси пешрафти давлату миллати солим арзёбӣ менамоянд.
Моддаҳои 93 иловаи 1 ва 93 иловаи 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро оид ба зўроварӣ дар оила пешбинӣ намудааст. Ҳарчанд шумораи парвандаҳо вобаста ба ин кодекс дар қиёс ба дигар ҳуқуқвайронкуниҳо камтар аст, аммо вақтҳои охир шикояти аъзои оила аз зўроварӣ ба назар расида истодааст.
Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» мебояд, ҳар шаҳрванди ватандўсту меҳанпарвар дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷрокунандаи Барнома ва сохторҳои минтақавии онҳо фаъолона ширкат варзида, дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ид ба пешгирии зўроварӣ дар оила мусоидат намояд. Зеро оила яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият буда, асоси пойдории давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Миршакар Дустзода
судяи суди шаҳри Хуҷанд