Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз, мулки обод ва озоди ман

Дар саҳифаи давлатдории тоҷикон дар қатори истиқлол ба даст овардану ба сулҳи бебозгашт ноил шудан, ҳамзамон қабули Конситутсияи кишвар, тасдиқи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дурахшонтарин марҳилаҳо сабт хоҳад шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки соҳйби парчам будану онро азизу мукаррам доштан аз гузаштагон ба момерос мондааст. Чун ба гузаштаи пурғановати хеш нек назар менамоем, аён мегардад, ки парчамдорӣ хоси миллати мо будааст. Он агар аз як ҷониб боиси йфтихор бошад, аз тарафи дигар нерӯбахши дил ва ҳидоя-гари ба музаффариятҳо маҳсуб мешавад. Чун аз парчаму парчам-дорй сухан мекунем, пеши назар филми бадеии «Достони Сиёвуш» меояд. Сиёвуши қаҳрамон ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар майдони ҳарбу зарб парчамеро болои сар мебардорад, ки он акси оҳуро дошт. Ин рамзи озодӣ, муҳаббат ва садоқат ба диёр аст. У ки дили беолоиш ва бекина дошт, намехост мардуми бегуноҳ дар корзор ҷон ба ҷонофарин супорад.

Ҳамзамон дар саҳифаи парчамдории миллат ҳамёша аз Коваи оҳангар ёд мекунанд, ки алаӣҳи зулму ситам ва бедогариҳои Заҳҳоки морхӯр пораи аз лешдомани оҳангарии худро ҳамчун алам болои сар бардошт, то аз заҳҳоксифатони дарборӣ мардуми бегуноҳро озод намояд.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар баробари баҳам омадани тарафҳои мухолифин, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, тасдиқу якчанд қарору қонунҳо дар Қасри таърихии «Арбоб» ҳамчунин санаи 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бояд гуфт, ки дар тарҳи парчами навини тоҷикон саҳми академики зиндаёд Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ хеле барҷаста аст. Инак, 29 сол аст, ки лифои дӯстӣ ва зафар, рамзи худшиносии миллӣ дар пештоқи ҳама коргоҳҳо партавафшонӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳцати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон санаи 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маррм ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Воқеан ҳам парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатй аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.

Табиатан ҳар инсоне, ки дардилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори галибият дар мусо-биқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад. Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.

Солҳо мегузарад, асрҳо ба саҳифаи таърих хоҳад рафт. Аммо корномаҳои Пешвои муаззами миллат, ки ба мо рӯзи саодатро ҳаля кардан чун кӯҳҳои осмонбӯс абадӣ хоҳад монд. Дар саргаҳи ҳамин қуллаи абадият парчами Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат ва рангу ҷилои худ моро ба сӯи худшиносӣ ва худогоҳӣ раҳнамоӣ мекунад.

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз, мулки обод ва озоди ман

                                                        З.САИДШОЗОДА,

                                                        иҷрокуиандаи вазифаи раиси

                                                         суди шахри Хуҷанд