Омӯзиши Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар суди шаҳри Хуҷанд

Дар суди шаҳри Хуҷанд оғоз аз санаи 2 сентябр то санаи 7 сентябр дар асоси нақшаи таҳиягардида, омӯзиши Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.

 

Санаи 2-юми сетябр бо иштироки Раиси суд Шарифзода М.Р., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Рустамзода М. боби якум «Қоидаҳои умумӣ» ва Боби дуюм «Ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза карда шуда, шарҳ дода шуд.

 

  

Санаи 3-юми сентябр аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Маҳмадсаидзода Р.М. Боби сеюми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — «Комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳ дода шуд.

 

Санаи 4-уми сентябр аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Раҳимзод С.К. Боби чорум «Рўйхати интихобкунандагон» ва Боби панҷум «Пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза карда шуд.

 

Санаи 7-уми сентябр бо иштироки Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода М.Р., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ гузаронида шуда, аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Дустзода М.Т. Боби шашум «Кафолати фаъолияти номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Боби ҳафтуми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — «Тартиби овоздиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза карда шуда, муҳтавои Қонуни мазкур ба саҳми ҳозирин расонида шуд.