Ҳокимияти судӣ — кафили ҳуқуқу озодиҳо

«Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ-инсон ва ҳуқуқу озодиҳое, ки вазифаи муқаддаси давлат аст риоя ва ҳифз менамояд. Баробари дигари шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни ифтихории 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 95 солагии мақомоти судии кишвар, низ таҷлил мегардад.

Кормандони мақомоти судӣ ифтихор аз он доранд, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ҳамасола санаи 26 октябр рўзи кормандони мақомоти судӣ муқаррар гардидааст.

Саҳифахои солномаи таърихӣ собит месозанд, ки бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ дар воҳидҳои марзиву маъмурии ҳукумати Шўравӣ зарурияти барпо кардани мақомоти адлия ва судхо ба миён омадааст ва солҳои 20-уми асри гузашта дар ҳудуди давлати мо судҳои қозигии даврони подшоҳӣ барҳам дода шуда, судҳои советии халқӣ эълон гардиданд.

Минбаъд, бо қарори кумитаи инқилобии РАСС Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1924 Коммисариати халқии адлия таъсис дода шуда, таърихи ташкилёбии мақомоти судии Тоҷикистон маҳз аз ҳамин сана оғоз меебад.

Дар ҳудуди РАСС Тоҷикистон дар давоми солҳои 1924-1926 судҳои халқӣ, судҳои округӣ ва шўъбаи тоҷикистонии Суди Олӣ амал мекарданд ва баъдан, пас аз ба ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ дохил гардидани Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1929 бо Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон Суди Олии РСС Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Соли ҷорӣ ба ташкили мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 соли пур мешавад. Ин сохтори бонуфуз дар муҳофизати ҳуқуқ ва озодии инсон, дар ҳимояи қонуният ва адолат дар кишвари мо хидматҳои бузургро анҷом додааст.

Мақомоти судии кишвар тўли 95 соли сипаригашта рушду такомул ёфта, чандин маротиба ба тағйироти сохторию кадрӣ мувоҷеҳ гашт, аммо моҳият ва мўҳтавои фаъолияташ, ки иборат аз таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд, инсон ва давлату ҷомеа аст, тағйирнопазир боқӣ монда, ин мақомот ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи қонуният ва адолат, устувор намудани амнияти милливу давлатӣ, пойдории сулҳу субот саҳми назарраси худро гузоштааст.

Ин ҳам буд, ки нақши суд дар таъмини қонунияту адолат аз тарафи чомеа ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, бо мақсади дар сатҳи олӣ амалӣ гаштани кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва ҷомеа бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ дар кишвар ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

Мусаллам аст, ки ҳокимияти судӣ дорои хусусиятҳои махсус мебошад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, шохаи сеюми давлат мебошад.

Адолати судӣ, ҷиҳати барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонунияту адолат, дар асоси меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, аз ҷониби судяҳо дар доираи салоҳияти худ бо роҳи баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва дигар маводу пешниҳодҳо ба сифати суди марҳилаи якум, кассатсионӣ, назоратӣ ба амал бароварда мешавад.

Тўли солҳои зиёди фаъолияти пурсамар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо — ҳазор парвандахои судиро баррасӣ намуда, таҷрибаи гарон ва роҳу равиши фаъолияти бо муваффақияти худро муайян намуданд. Аз масъулияти қабули санадҳои судӣ на танҳо эътибори мақомоти судӣ, балки музаффариятҳои эъмори давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлоламон низ вобастагӣ дорад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ собит месозанд, ки танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи судяҳои шаҳри Хуҷанд дар маҷмўъ 5216 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ғайра пешниҳоду дархостҳо мавриди баррасии судӣ қарор дода шудааст. Дар баробари ин, аз ҷониби кормандони ҳамин суд 202 вохуриҳо бо мардум гузаронида шуда, талаботи қонунҳои амалкунанда фаҳмонида дода шудааст. Баҳри ба роҳ мондани ташвиқоту тарғиботи қонунҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ 214 мурофиаҳои сайёри судӣ баргузор гардидаанд, аз натиҷаҳои баррасии 666 парвандаҳои судӣ таъинотҳои хусусӣ бароварда шудаанд.

Чунин натичахои фаъолияти кории суд аз масъулияти баланд ва меҳнати пурсамари ҳар як корманди суд шаҳодат медиҳад.

Ва имруз талаби давру замон аст, ки дараҷаи баланди касбию зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, адолатнокию поквичдонӣ бояд меъёри асосии муайянкунандаи шахсият ва фаъолияти хар як судя бошад.

Боварӣ дорам, ки минбаъд ҳам, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ, қонуният, ҳифзи дастовардҳои сиёсию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ бо донишу малакаи касбии худ ва ҳисси масъулиятшиносӣ  хизмати беандоза хоҳанд кард.

Дар фазои ҳамин ниятҳои нек тамоми судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳоро бо ин ҷашнвораи касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу зиндагии осуда таманно менамоям ва дар адои вазифаҳои басо пурмасъулашон комёбиҳо хоҳонам.

 

                                                                  Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ

                                                                     Раиси суди шаҳри Хуҷанд,

дар маҷаллаи Ҳақиқати Суғд, 26.10.2019 сол №126 чоп шудааст