ОБОДОНИВУ САРСАБЗӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо дар қаламрави вилоят ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба сомон расида истодаанд. Вобаста ба ин санаи таърихӣ иншооти мухталиф бунёд, таъмир ва азнавсозӣ мегарданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.

Бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи хати нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Хуҷанд-Агро”, баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли равғани омӯхта ва истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти мурғи ҶДММ “Субҳи Заррин”, баистифодадиҳии коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии соҳибкор Ҷумъабой Абдулакимов, бинои нави «Тоҷикстандарт», муассисаи томактабии “30 — солагии Истиқлол”, сохтмони Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид”, “Тарабхонаи Яккасарой”, ду гармхонаи замонавӣ, маркази фурӯши гулҳо дар КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳри Хуҷанд» ва амсоли ин мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифта шуд.

Баробари ин бинои нави прокуратураи вилоят дар масоҳати 0, 50 гектар бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 — ошёна ва як бинои 3 — ошёнаи хизматрасониро ташкил медиҳад. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар ин майдони сохтмон беш аз 120 нафар сохтмончиён фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош гирифта истодаанд. Корҳои асосӣ ба анҷом расида, насби тиреза ва корҳои пардозӣ босуръат идома дорад.

Дар маҷмӯъ, давоми солҳои 2018 – 2021 — ум 271 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 477 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷрои 93,5 фоизи иншооти банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Тавре ба мушоҳида мерасад, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд, зеро дар ин давра дар самти таъмини устувории экологӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, гули лола, садбарг ва гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдид дар самти нигоҳдории биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ вусъати тоза гирифта, дар ин давра 71 намои бинои баландошёнаи истиқоматӣ таъмиру рангубор, 755 метри мураббаъ боми биноҳо, 35 адад даромадгоҳ, 5 адад лифт ва 27,96 ҳазор метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз шуданд.

Барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои зисти шаҳрвандон мунтазам бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуда, як қатор корҳои ободонӣ ба монанди тоза намудани қадди роҳ аз алафҳои хушку худрӯй, тоза намудани ҷӯйборҳо аз партову лойхокҳо, нарм намудани таги дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.

Муҳсин АБДУСАТТОРЗОДА,

Котиби маҷлиси Суди шаҳри Хуҷанд