НУФУЗИ КИШВАР АЗ ИҚДОМИ НЕКИ РОҲБАР

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар кураи ҷаҳон доир ба масоили об ва ҳалли муаммоҳои он пешоҳанг гардидааст. Далели ин гуфтаҳо дар Конфронси байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 дар Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардид. Барои мо боз ҳам боиси ифтихору сарфарозист, ки иқдоми башардўстонаи сарвари кишвари мо оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон бо рўҳбаландӣ қобили қабул шуд. Афзудани миқдори аҳолии курраи Замин, танқисии об, бемориҳои гуногун, офатҳои табиӣ, муноқишаҳои обӣ, таѓйирёбии обу ҳаво аз мушкилотест, ки инсоният ба он рў ба рў шудааст ва ҳалли он дар ҳамкорӣ муваффақият меорад.

Ҳар як иқдомҳои Президентамон дар чашми ҷаҳониён нишон медиҳад, ки мардуми тоҷик чун миллати дорои тамаддуни бою пурѓановат бомаданияту фарҳанг аст ва барояш ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад.

Дар навбати худ баҳри мо шаҳрвандон чунин сиёсати коршиносонаи Пешвои миллат аҳамияти калон дорад. Зеро он дар густариши ҳисси милливу худшиносии ҳар яки мо нақши муҳим мегузорад.

Ҳар як пешравӣ дар соҳаи сиёсати хориҷии кишвар бо соҳибихтиёрии давлат алоқаманд аст ва ташаббусҳои сардори давлат ҳам чун неъмати истиқлолӣ маънидод кардан ҷоиз мебошад. Мехоҳам дар ин хусус гуфтаҳои ин марди фарзонаву оқилро қайд намоям, ки «халқи мо соҳиби сарнавишти худ гашта, бо баробари ин ба раванди умумибашарӣ ворид гардид, ки ин неъматест басо пурарзиш дар даврони Истиқлолияти давлатист.

Маълум аст, ки ҳамаи пешравиҳо, ободиҳо дар даврони истиқлолӣ муяссар мегардад.

Инак, ба солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 28-сол пур мешавад. Бо баробари ин нуфузу эътибори мамлакатамон афзун, таҳкурсиаш мустаҳкам хоҳад гашт. Аминам, ки аз шарофати сиёсати дурбинонаи роҳбари муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти миллӣ пояндаву бардавом мемонад.

Ҳамдиёрони азиз, бароятон қудуми фирузманди Истиқлолияти Тоҷикистони азиз муборак бошад.

Саидмухторзода Шуҳрат, судяи суди шаҳри Хуҷанд

Маҷаллаи «Моҳтоб» №8, 2019