Нуқтае аз паёми Пешвои муаззами миллат

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат бозҳҳам беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ қарор доранд.

Агар ба дурнамои Паём таваҷҷӯҳ намоем, ба назар мерасад, ки Сарвари давлат асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинанд. Аз ҳамин ҷост, ки таъкид мекунанд: «Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдионаву содиқона хизмат кунем».

Пешвои миллат мутмаинанд, ки маҳз ҳисси масъулиятшиносӣ моро водор месозад, то «боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».

Омили дигаре, ки ба андешаи Президенти маҳбуби кишвар барои расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ мусоидат менамояд, ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як шаҳрванд мебошад. Албатта, ҳар инсон содиқ ба халқу Ватан пайваста кӯшиш мекунад, ки баҳри ободии кишвараш ва осудагии халқи худ ҳиссаи худро бо амалҳои шоиста гузорад. Аз ҳамин лиҳоз, дар Паём даъват ба амал оварда шуд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад»

Дарки мафҳумҳое, ки барои пешрафти кишвар замина мегузоранд, ҳар шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба имрӯз ва ояндаи кишвари худ бепарво набошад. Бо ҳисси баланди ватандӯстӣ Сарвари давлат дастур медиҳанд, ки «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиору кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Омили асосӣ ва хеле муҳимӣ пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Қарзи шаҳрвандии мо дар назди Ватан ҳимояи марзу бум, арзишҳои маънавию моддӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Дурнамои ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Роҳбари давлат матраҳ мегарданд, ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: «Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони ҳмаҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».

Дастуру супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардидаанд, барномаи пешрафти кишвари мо дар ояндаи наздик ва дур мебошанд. Пешвои миллат зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакатро дар оянда муайян намуданд. Дар Паём дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёби гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии муҳим вазифагузориҳои наву ҷиддӣ ба миён гузошта шуд.

                                                                                 Судяи суди шаҳри Хуҷанд

                                                                                    Махкамзода Мухбира Махкам