Нишасти матбуотӣ дар суди шаҳри Хуҷанд

Имрўз, 2 майи соли 2019 дар суди шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаи фаъолияти суди шаҳр дар се моҳи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ доир ба натиҷаи фаъолияти семоҳаи аввали соли 2019 ба таври мушаххас ба намояндагони ВАО ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар давраи семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд дар маҷмўъ 1825 адад парванда ва маводҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба семоҳаи соли 2018 – минбаъд дар қавс нишондодҳои семоҳаи аввали соли 2018 (1921) – 96 адад камтар мебошад.
Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 145 (216) ададро парвандаҳои гражданӣ, 284 (231) ададро парвандаҳои оилавӣ, 170 (135) ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 800 (814) ададро парвандаҳои маъмурӣ ташкил дода, инчунин 426 (525) ададро дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор ташкил медиҳанд.
Вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар семоҳаи соли ҷорӣ 5 (6) адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ ҶТ баррасӣ карда шуда, зимни баррасии парвандаҳо 1 адад парванда барои барасмиятдарории нав ирсол карда шуда, нисбати 4 (6) нафар ба маблағи умумии 21 500 (30 000) сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.
Шумораи парвандаҳои маъмурӣ ҷиҳати риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо моддаи 90 КҲМ ҶТ аз ҷониби судяҳо баррасӣ гардидаанд, ба 132 (161) адад расида, бо 124 (158) адад парванда нисбати 124 (158) нафар қарор қабул карда шуда, 8 (3) адад парванда барои барасмиятдарории нав ирсол карда шудаанд. Дар маҷмуъ нисбати 78 (79) нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 46 (79) нафар ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 5 270 (12 000) сомонӣ таъин карда шудааст.
Аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи соли 2019 аризаҳои даъвогӣ «Оиди бекор кардани ақди никоҳ» 135 (115) адад парванда, «Оиди рўёнидани алимент» 67 (54) адад, доир ба зиёд кардани алимент 27 (18) адад парванда, оиди тақсими амвол 11 (3) адад парванда, доир ба маскун кардан ба манзили истиқоматӣ 18 (17) адад парванда ва баҳсҳо доир ба мерос 9 (4) адад парвандаҳо баррасӣ карда шудаанд.
Аз натиҷаи баррасии парвандаҳои гражданӣ бармеояд, ки дар семоҳаи соли 2019 дар маҷмўъ 145 (216) адад парвандаҳо баррасӣ карда шуда, бештари парвандаҳоро аризаҳои даъвогӣ оид ба соҳибмулкӣ 13 (11) адад парванда, аризаи махсус оиди эътироф намудани соҳибмулкӣ ба шахси вафотёфта 7 (7) адад, аризаҳои даъвогӣ оиди рўёнидани қарзҳои бонкӣ 18 (38) адад ва 28 (61) адад аризаҳои даъвогии ташкилотҳои ҷамъиятӣ оиди рўёнидани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби шаҳрвандон ташкил медиҳанд.
Таҳлили омории фаъолияти суд нишон медиҳад, ки дар семоҳаи соли 2019 сарбории парвандаҳои ҷиноятӣ дар маҷмўъ ба 170 (135) адад расида, аз ин нишондиҳанда ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта 16 (8) адад парванда нисбати 24 (13) ашхос баррасӣ гардида, 13 (15) адад парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати 17 (22) ашхос, бо моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷиноятҳо вобаста ба авбошӣ, 20 (37) адад парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати 23 (46) ашхос бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон – вобаста ба дуздӣ, 35 (24) адад парвандаи ҷиноят нисбати 43 (27) ашхос бо моддаи 247 КҶ ҶТ вобаста ба қаллобӣ, инчунин 4 (4) адад парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба хариду фурўши замин нисбати 9 (8) ашхос мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Яке аз масъалаҳои мубрами рўз, ки содиршавии ин қабил ҷиноятҳо амнияти халқу давлатро зери хатар мегузоранд, ин ҷиноятҳои дар моддаҳои 307 иловаи 1-4 ва 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухўрди мусалаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо мебошанд, ки содиршавии ин қабил ҷиноятҳо нисбат ба соли гузашта бетағйир буда, шумораи парвандаҳои баррасигардида 3 (3) адад буда, нисбат 6 (7) ашхос мебошад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳар ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби Роҳбарияти Суди шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи соли 2019 — 71 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуда, дар рўзҳои корӣ бошад, аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Хуҷанд — 558 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 111 адад таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷўӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намудаанд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 95 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо дар мавзўъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 17 маротиба баромадҳо доир намуда, дар рўзномаю маҷаллаҳо 2 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, 27 маротиба дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олӣ, инчунин дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр вохўрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Суди шаҳри Хуҷанд