Муқовимат бо коррупсия баҳри пойдории ҷомеа
Проблемаҳои коррупсия имрўз ҷомеаи ҷахониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама, ба пешрафти иқтисодиёт, некуаҳволии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, татбиқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрўю нуфузи давлат ва мақомоти давлатӣ ва низоми сулҳу субот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии обрўю нуфузи миллат ва давлат дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гашта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Мубориза бо амалҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат маҳсуб меёбад ва самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми қишри ҷомеа, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, ва ҳар як шаҳрванди ҷомеа вобастагии бевосита дорад.
Муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад.
Барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагиро талаб менамояд.
Воқеан, ин ҷинояти вазнин дар арсаи ҷаҳонӣ зуҳуроти хавфноки ҷомеа эътироф гардида, яке аз унсурҳои ба амнияти миллии кишварҳо таҳдидкунанда ва ба рушди иқтисодиёт халалрасон дониста мешавад. Аз ин рў, ҷомеаи ҷаҳонӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин падидаи номатлуб аз ҳаёти ҷомеа канортар рафта, сатҳи он ҳарчи бештар коҳиш дода шавад.
Олимзода Рафиқҷон Раҳматҷон,
Судяи суди шаҳри Хуҷанд