МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРД
Яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрӣ ин қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор рафта, ормонҳои инсондўстӣ, сулҳпарварӣ ва созандагии миллати сарбаланди тоҷикро дар меъёру мазмун ва муҳтавою муқаррароти худ ба таври равшану асоснок таҷассум намудааст.
Имсол ба қабули ин ҳуҷҷати тақдирсози мамлакат 27 сол пур шуд. Ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни бошукўҳи давлатдорӣ ва таҳкимбахши амнияту суботи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми гўшаҳои кишвари маҳбубамон бо шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанд дар замони нооромиҳои дохилӣ таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида бошад ҳам, аз нигоҳи мутобиқати мазмунӣ ва ҳуқуқӣ ба меъёрҳои бунёди низоми давлатдорӣ, демократӣ, ки пеш аз ҳама ба таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд асос ёфтааст, сазовори баҳои баланди назарияшиносони соҳибэътибори сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст.
Маҳз бо шарофати чунин ислоҳоту мукаммалсозии меъёр ва муқаррарот буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ҳадафҳои рушду тараққиёти миллиро таъмин карда, бо назардошти пешрафти ҷомеа, тавсеву мазмуну моҳияти нав пайдо намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи рукнҳои идоракунии давлатӣ посухгўи ниёзи замон ва ҳамқадами раванди созандагиву бунёдкории ватандўстона гардид.
Мардуми Тоҷикистон ҳамеша соҳиби маданият, волоияти қонунписандӣ ва дараҷаи баланди донишҳои ҳуқуқӣ будани хешро собит намуда, дар гиромӣ доштани ҳокимият ва волоияти қонун, муқаддас ва пуршараф будани риояи он, хусусан нисбат Конститутсияи кишвар узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, фаъолона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.
Роҳи интихобкардаи кишвар ва муваффақиятҳое, ки дар раванди татбиқ намудани марҳалаи рушди Тоҷикистон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, натиҷаи амалии татбиқи муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунад. Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи соҳибистиқлол аст, бинобар ин дар таърихи навини кишварамон руйдодҳои воқеан бузург ва тақдирсоз маҳсуб меёбад.
Хулоса, Конститутсияи кишвар ба мақсади таъмини зиндагии шоиста қабул гардида, ҳар фарди худогоҳу худшинос, ватандўсту меҳнатпараст вазифадор аст, ки арзишҳои волои онро эҳтиром ва эътироф намояд.
МИРШАКАР ДЎСТЗОДА
СУДЯИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНДИ
ВИЛОЯТИ СУЃД