Маъракаи обунашавӣ дар суди шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ дар суди шаҳри Хуҷанд маъракаи обунашавӣ ба маҷаллаю рӯзномаҳо ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон судяҳои суди шаҳри Хуҷанд ва кормандони дастгоҳи суд ба андозаи 50 фисади нақшаи пешбинишуда ба рӯзномаю маҷаллаҳои расмии кишвар обуна шудаанд.