Маҷлиси тантанави бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди вилояти Суғд, ҷиҳати инъикоси таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи телевизионии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», санаи 30.10.2025 сол дар суди шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар ин замина, аз ҷониби Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Д., судяҳо Иброҳимзода Н., котиби маҷлиси судї Шарифзода М. дар мавзуҳои “Қабули Конститутсия яке аз нишонањои асосии давлати соњибистиќлол”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин Конститутсияҳо дар миқёси олам”, баромад карда шуд.
Ҳамзамон, муовини якуми раиси суд Раҳмон Ҷ.Қ., судяи суди шаҳри Хуҷанд Аҳмадзода М.А. тавассути шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” вобаста ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Суди шаҳри Хуҷанд 