МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД БАХШИДА БА 34 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Хуҷанд он иштирок намуданд.
Маҷлиси мазкур бо овози зинда қироат намудани Суруди миллӣ оғоз карда шуда, маҷлисро муовини Раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷўрахон Қурбоналӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, вазъи иқтисодӣ ва сиёсии ҳар як давлати Шўравӣ ба таври худ шакл гирифта, сохти давлатдорӣ ва роҳи ояндаи тараққиёти худро ҳар кадоме мустақилона интихоб ва муайян намуданд. Вале мутаассифона дар ин раванд омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки имкони пешравии ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро аз байн бурд. Лекин дар ин муддати кутоҳ бо кўшишҳои беназири сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳ ҳукмфармо шуд, кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ ноил гашт.
Дар маҷлиси тантанавии мазкур судяи суди шаҳри Хуҷанд Қаландарзода Н.А. ва Аслонзода С.Н. баромадҳои пурмӯҳтаво доир ба дастовардҳои даврони Истиқлол ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ. иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.