Маҷлиси тантанавӣ дар суди шаҳри Хуҷанд

Санаи 2 сентябри соли 2019 дар Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Хуҷанд он иштирок намуданд.

Маҷлиси мазкур бо даровардани Парчами давлатӣ ва бо овози зинда қироат намудани Суруди миллӣ оғоз карда шуда, маҷлисро муовини Раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷўрахон Қурбоналӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, вазъи иқтисодӣ ва сиёсии ҳар як давлати Шўравӣ ба таври худ шакл гирифта, сохти давлатдорӣ ва роҳи ояндаи тараққиёти худро ҳар кадоме мустақилона интихоб ва муайян намуданд. Вале мутаассифона дар ин раванд омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки имкони пешравии ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро аз байн бурд. Лекин дар ин муддати кутоҳ бо кўшишҳои беназири сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳ ҳукмфармо шуд, кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ ноил гашт.

     

Сарвари давлат Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва бо нангу номуси миллат бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии ватани азизамонро қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии хеш ҳисобида, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мерасанд, онҳо ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ мекунанд, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош менамоянд.»

           

Ҳар як фарди бо нангу номус бояд ба қадри соҳибистиқлолии кишвар ва суханҳои сарвари давлат Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, баҳри пойдории сулҳ ва ободии кишвар саҳмгузор бошанд.

    

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ. иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.