Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 16 — Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз, дар толори бинои суди шаҳри Хуҷанд бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 16 — Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

И.в раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷ.Қ. ва судяи суди шаҳри Хуҷанд Махкамзода М,М. оид ба ҷашни 16 — Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро нағз дар ёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо ҷорй кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлатй исломӣ оғоз шуд, ки боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд, гуреза шудани шаҳрвандони мо, ба ҳалокат расидани шаҳрвандони мамлакат гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ сабаби асосии ақибмонии иқтисодиёти Ватанамон ва расонидани зарари калони иқтисодй мебошад. Дар ин вақт фаъолияти муътадили кори корхонаҳо, мактабҳо ва дигар сохторҳои давлати фалаҷ гашта будаанд. Ягон мақомот ҳимояи давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандоро кафолат намедод. Дар минтақаҳои кишварамон нооромиҳо ва бетартибиҳо ҳукмфармо буд. Бо мақсади бақарор кардани Сулҳ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурии зарурият ба миён омад, ки Сессияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар яке аз минтақаҳои ороми мамлакат вилояти Суғд барпо карда шавад.

Бо ин мақсад санаи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, Сессияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуд. Маҳз дар ҳамин Сессияи тақцирсоз муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аввалин суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллй-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Рахмон, ки ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ба Халқи Тоҷикистон «Ман ба шумо Сулҳ меорам» гуфта муроҷиат намуданд.

И.в раиси суди шаҳри Хуҷанд                Раҳмон Ҷ.Қ.