МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Санаи 22 октябри соли равон, дар суди шаҳри Хуҷанд бахшида ба рўзи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, Роҳбарияти суд кулли кормандонро бо иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти суд самимона табрик намуда, барояшон сарбаландию некномӣ, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Инчунин, судяҳои суди шаҳри Хуҷанд ва кормандони дастгоҳи суд ҳозиринро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон тансиҳативу зиндагии осуда ва дар адои вазифаҳои басо пурмасъулашон муваффақиятҳо таманно намуданд.

Ҳамзамон Раиси суди шаҳри Хуҷанд кормандони дастгоҳро бо «Ифтихорнома» бахшида  ба рўзи кормандони мақомоти судӣ сарфароз гардониданд.

Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ Раиси суд кулли ҳозиринро ба муносибати ба рӯзи иди касбӣ табрику таҳният гуфтанд.