Ёрии амалӣ
Бо мақсади иҷрои нақшаи кории суди вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2025 ва таҳлили фаъолияти судҳо ҷиҳати санҷиши фаъолияти судҳои суди вилояти Суғд ва расонидани ёрии амалӣ дар самти риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, пешниҳодҳо, дархостҳо, сифати таҳияи санадҳои судӣ, саривақт омода намудани протоколҳои маҷлиси судӣ ва санадҳои судӣ, қабули қарорҳои асоснок ва қонунӣ, саривақт ба тарафҳо супоридани нусхаи санадҳои судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, аз ҷумла, назорати иҷроиши ҷаримаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баровардани таъинотҳои хусусӣ ва иҷрои онҳо, гузаронидани маҷлисҳои сайёри судӣ, саривақт ирсол намудани парвандаҳо ба суди марҳилаи кассатсионӣ, дар муҳлат фиристодани парвандаҳо аз рӯи шикояту эътирозҳои назоратӣ, тартиби супоридан ва рӯёнидани боҷи давлатӣ, беасос боздоштани парвандаҳои судӣ, муҳлати тӯлонӣ баррасӣ накардани парвандаҳхои судӣ, инчунин, бе асосҳои кофӣ бебаррасӣ, беҳаракат монондан, баргардонидан, рад намудан аз қабули аризаҳои даъвогӣ, ариза-шикоятҳо оид ба кам кардани ҷаримаҳо вобаста ба воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, ариза оиди бекор кардани ҳалнома ё таъинотҳои суд вобаста ба ҳолатхои навошкоршуда, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзиши китобҳои бадеӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо”, иҷроиши нақшаи корӣ ва нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ, иҷроиши стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, супоришҳои хаттии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши фаъолияти шуъбаҳои коргузорӣ дар суд, ҳолати супоридани парвандаҳои судӣ ба дафтархонаҳои суд, риояи интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар нуњмоњаи соли 2025 дар њайати судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А. санаи 1 ноябри соли 2025 мавриди санҷиш ва омӯзиши ҳамаҷониба қарордода шуд.
Аз ҷониби судяи суди вилояти Суғд Искандарзод А. қайд карда шуд, ки дар маҷмуъ баррасии парвандаҳо мутобиқи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи мурофиавӣ ва моддӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Ба судяҳои суди шаҳри Хуҷанд оиди мувофиқи қонунгузории амалкунанда баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, ҳангоми тартиб додани санадҳои судӣ тавсия дода шуд, ки талаботи Кодексҳои амалкунанда ва Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян риоя карда шавад.
Мувофиқи сарбории парвандаҳои баррасишуда аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботии нуҳмоҳаи соли 2025, вобаста ба баррасии парвандаҳо, гузаронидани амалияи судӣ, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, нишондиҳандаҳои оморӣ нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2024 бештар ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷониби Искандарзод А.И. ба судяҳо дастур дода шуд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ба кашолкории баррасии парвандањо роҳ надода, парвандаҳоро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, таҳлили сабабҳои бекоршавии санадњои судӣ, ба роҳ монда шавад. Аз ҳисоботи нуҳмоҳаи соли 2025 дида мешавад, ки вобаста ба ҷаримаҳои ҷиноятӣ татбиқшуда 11874182 (7784867), рӯёнидашуда 4170813 (601810), ки аз ин воқеан 35% (7,7%) ба иҷро расонида шуда, нисбат ба нуҳмоњаи соли 2024 5 баробар изофа мебошад ва ин ба таври хуб ба роҳ монда шудани корбариро дар ин самт нишон медињад.
Бинобар ин, аз ҷониби Искандарзод А.И. ба судяҳо таъкид карда шуд, ки минбаъд низ назорати иҷроиши ҷаримаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии таъингардида ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур пас аз таҳлил ва муҳокимаронӣ, Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзоҳомидзода Д. иброз намуданд, ки минбаъд камбудиҳои мавҷудбуда бартараф карда шуда, баҳри роҳ надодан ба камбудиҳо чораҷӯӣ карда мешавад.
 Суди шаҳри Хуҷанд 